03:07:31 03-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ ЯКЕ АЗ НАЗДИКОНИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДУШАНБЕ

Шаби 13-уми июни соли ҷорӣ шавҳари хоҳарбузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Ин сӯиқасд дар назди манзили Холмӯъмин Сафаров дар наздикии  "Автовокзал"-и пойтахт сурат гирифтааст.

/images/stories/2012/06/14_kholmumin-safarov_2954511.jpgДар ин бора манобеи вазорати  умури дохилии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд. Манобеъ мегӯянд, ба сари шавҳари хоҳарбузурги Эмомалӣ Раҳмон - Холмӯъмин Сафаров, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, чанд тир холӣ кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст. Мақомот аз баёни ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Бино ба хабарҳо, Холмӯъмин Сафаров раҳбарии Корхонаи Воҳиди Давлатии "Тоҷикҷангал"-ро бар ӯҳда доштааст. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯӣ барои таҳқиқи ин қазия ташкил шудааст. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки базудӣ дар ин бора иттилои расмӣ низ пахш хоҳад шуд.

Қатли Холмӯъмин Сафаров дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад ва имрӯз ҷараёни размоиши нерӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар маҳалли Чоруқдаронро назорат мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854