02:34:42 03-уми Июни 2025 сол

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНҲОИ СУДҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Интизор меравад, ки 20 июн палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қабул хоҳад кард.

Масъалаҳои зикршуда 18 июн дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи милитсия» «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар маҷмўъ 26 масъаларо баррасӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, иттилоъ медиҳад Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Азизмат Имомов сухан карда, пешниҳоди масъалаҳоро ба рўзномаи Шўрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854