02:53:36 03-уми Июни 2025 сол

ДУ ЧАРХБОЛИ "ТОҶИК ЭЙР" ДАР КОБУЛ БОЗДОШТ ШУДААСТ

Ду чархболи муталлиқ ба ширкати "Тоҷик Эйр" дар Афғонистон боздошт шуда, иҷозаи бозгашт ба ватанро надоштаанд. Ду чархболи МИ-8-и ширкати "Тоҷик Эйр" бо 12 сарнишинаш як моҳ инҷониб дар Афғонистон боздошт шуда, иҷозаи бозгашт ба ватанро надоштаанд.

/images/stories/2012/06/27_tajik-air-270612.jpgДар ин бора ба мо Илҳом Қаюмов, бортмуҳандиси яке аз чархболҳо, хабар дода ва гуфт, мақомоти Афғонистон онҳоро ғайриқонунӣ боздошт ва нигаҳдорӣ мекунанд. "Тибқи қарордод бояд ҳудуди як моҳ қабл ба Тоҷикистон бармегаштем, аммо чархболҳоро иҷозаи парвоз надода, шиносномаи моро ҳам гирифтанд",-мегӯяд Қаюмов.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, дар ҳоли ҳозир онҳо дар канори шаҳри Кобул ба сар мебаранд ва мунтазири иҷозаи мақомоти Афғонистон барои бозгашташон ба Тоҷикистонанд. Ӯ мегӯяд, "ин ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки вазорати нақлиёти Афғонистон иддао кард, гӯиё мо - аъзои тими ҳавонавардони ин ду чархбол чархболҳоро рабуданӣ ва бе иҷозаи қаблии хадамоти диспетчерии фурудгоҳи Кобул парвоз карданӣ будем."

Вай афзуд, "агарчӣ пас аз чанд рӯз ин иттиҳомотро аз дӯши мо бардоштанд, аммо ҳанӯз чархболҳоро вазорати нақлиёт ва амнияти Афғонистон раҳо намекунад." Илҳом Қаюмов илова кард, ки чархболҳои боздоштшудаи ширкати "Тоҷик Эйр" мувофиқи қарордод барои таъмини нерӯҳои НАТО бо об ва ғизо дар Афғонистон кор мекарданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854