02:51:13 03-уми Июни 2025 сол

ХУДДОРИИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ШИРКАТ ДАР БУЗУРГДОШТИ УСТОД ҚАНОАТ

Ба муносибати 80-солагии устод Муъмин Қаноат рӯзи 28-уми июн дар пойтахти Русия шаҳри Маскав маҳфили бошукӯҳи шаби шеъри ин суханвари номовари форсӣ баргузор шуд.

/images/stories/2012/06/30_mumin-qanoat-300612.jpgБарои ширкат дар ин маҳфил ва табрикоти вижа Олжас Сулаймонов-сафири Қазоқистон дар ЮНЕСКО (Париж) ва Зинаида Андреева Селезнёва-қаҳрамони достони "Сурӯши Сталинград" аз шаҳри Волгоград ба Маскав омаданд. Хонум Селезнёва ҳамчунин паёми табрики мақомоти вилояти Волгоградро тақдими устод Қаноат кард.

Ҳамчунин дар ин маҳфил устод Қаноатро Сайидмаҳмуд Ризо Саҷҷодӣ-сафири Ирон дар Русия, Глан Онанян-шоир ва нависандаи армян, шоираи маъруф Татъяна Кузовлева, Александр Эбанаидзе-шоири гурҷӣ, Илҳом Бадалбоев-шоири озарӣ, профессорон Лола Саломатшоева ва Инна Ростовсева ва ҳамчуниндоктор Яфталӣ-раиси диаспораи афғонҳои муқими Русия, раисони диаспораҳои қирғиз ва Грекҳо ба намояндагӣ аз кишвар ва мардуми хеш табрик намуданд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ширкат дар ин маросим ба далелҳои номаълум худдорӣ кардааст.

http://tajik.irib.ir/tajiki/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854