03:51:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ТОҶИК ЭЙР" БОЗДОШТИ 2 ЧАРХБОЛАШ ДАР КОБУЛРО РАД КАРД

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо пахши изҳороте боздошти ду чархболаш дар Афғонистонро рад кардааст.

/images/stories/2012/06/30_tajikair30062012.jpgМақомоти "Тоҷик Эйр" бо пахши баёнияе боздошти ду чархболи муталлиқ ба ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Афғонистонро рад кардаанд. Бино бар баёнияи ин ширкат, ки рӯзи 30-юми июн чоп шуд, ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳавонавардону муҳандисонаш бар асоси қарордод дар Афғонистон бо ҳамлу нақли колоҳои ғайринизомии НАТО машғул аст.

Ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ба сабаби пеш омадани баҳсҳо миёни кордиҳанда ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон фаъолияти ин ду чархбол ва 30 корманди он дар фурудгоҳи Кобул боздошта шуд. Кормандони он шаҳрвандони Тоҷикистону Русия, Украинаву Қирғизистон ва Колумбия будаанд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 30-юми июн як хабаргузории маҳаллӣ ба нақл аз Амиршо Авазов, яке аз муҳандисони "Тоҷик Эйр", навишт, ки мақомоти Афғонистон ӯву ду ҳамроҳи дигарашро раҳо кардаанд. Бино ба гуфтаи Авазов, ҳоло нӯҳ ҳавонавард ва муҳандисони "Тоҷик Эйр" дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Ҷаноби Авазов гуфтааст, нигаҳдории онҳо дар пайи баҳси молии ширкати Supreme Food бо мақомоти Афғонистон сурат гирифтааст.

Як рӯз пеш аз ин, Хадамоти амнияти миллии Афғонистон иттиҳомот алайҳи халабонҳои тоҷик дар Кобулро шарҳ дод. Лутфулло Машъал, сухангӯи ин ниҳод ба мо гуфт, дар фурудгоҳи Кобул на ду, балки як чархболи ширкати тоҷикии "Тоҷик Эйр" ба хотири надоштани иҷозаи фаъолият дар Афғонистон ва напардохтани молиёт ва андозҳои лозимӣ таваққуф дода шудаанд. Вай афзуд, иҷозатномаи ин чархбол ба номи Африқои Ҷанубист ва молияву андози таваққуфу боркашонӣ дар Афғонистонро надоштанд.

Ҷаноби Машъал гуфт, ҳоло халабонҳо дар як меҳмонхонаи шаҳри Кобул тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва аз онҳо хуш пазироӣ мешавад, аммо то пардохти молиёт ва андоз ба онҳо иҷозаи хуруҷ аз Афғонистон дода намешавад. Қаблан дар сӯҳбат бо мо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар Афғонистон ду чархболи МИ-8-и ширкати "Тоҷик Эйр" аз сӯи мақомоти Афғонистон нигоҳ дошта шудаанд ва сабаб баҳси молиявӣ миёни ширкати Supreme Food ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон аст. Аммо масъули ширкати Supreme Food ба мо гуфт, ки ин ширкат барои фаъолиятҳояш дар Афғонистон молиёт ва андоз намесупорад.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi