ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ НИЗОМӢ ДАР БАДАХШОН
Дар вилояти Бадахшон амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба мо гуфт, "ки субҳи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ амалиёт барои боздошт ва маҳви аъзои гурӯҳи ҷиноятии созмонёфта оғоз шуд."
Вай афзуд ин гурӯҳҳо бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд. Барои анҷоми амалиёти мазкур ҷузъу томҳои нерӯҳои зудамал, Горди президентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот эъломи фиристодани нерӯҳои изофӣ аз марказ ба вилояти Бадахшонро рад карда буданд.
«Озодӣ»