02:36:37 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ХАБАРИ ФАВРИИ ВКД ВА КДАМ

Тавре ки хабар дода будем, рўзи 21 июли соли ҷорӣ, соати 17.30 дақиқа ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич - Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурўҳи муташаккили ҷиноӣ ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуд.

/images/stories/2012/07/24_gbao-240712.jpgТафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ-Сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст. Айёмбеков Толиб ва ҳаммаслакони ў аз иҷрои талаби мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Айёмбеков гурўҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, дар давоми солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул шуда, чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм ва ғайраро содир намудааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти беҳуда дар байни сокинони осоишта бо супориши Президенти мамлакат комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва улламои динӣ, фаъолони вилоят дар давоми се рўз бо Айёмбеков Толиб ва тарафдорони ў чандин маротиба вохўрда, пешниҳод намуд, ки силоҳҳоро ба замин гузошта, ҷинояткоронро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Айёмбеков Толиб ин пешниҳодро қатъиян рад карда, баръакс ба гирдоварии ашхоси мусаллаҳи ҷиноятпеша оғоз намуд ва ба муқовимати мусаллаҳона шурўъ кард. Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Хоруғ оид ба дастгир кардани аъзои гурўҳи муташаккили ҷинояткор ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо субҳи 24 –уми июл амалиёти махсус оғоз гардид.

Итминон дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Хоруғ ва вилоят чунин амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронро маҳкум намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Мардуми кишвар дилпур бошанд, ки ҷинояткорон дастгир шуда, дар назди қонун ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi