08:43:15 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК МАҚОМИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ФАСОД

Вазорати кишвари Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод раиси бахши кумитаи замин дар ин ноҳия боздошт шудааст.

Бино ба иттилоъи вазорати кишвар Мирзосафар Гулмаҳмадов, раиси бахши кумитаи замин дар ноҳияи Мӯъминобод дар гирифтани ришва муттаҳам шудааст.

Ин манбаъ иттилоъ дод, ки тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ оқои Гулмаҳмадов аз Зафари Маҳмадлатиф, як сокини деҳаи Сармайдони ин ноҳия барои ду ҳектор замини боғдорӣ ду ҳазор дулор ришва гирифтааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ