16:53:07 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ҲНИТ КУШТА ШУДАНИ САБЗАЛӢ МАМАДРИЗОЕВРО ТАСДИҚ КАРД

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев, раиси шӯъбаи ин ҳизб дар Хоруғро таъйид намуд.

/images/stories/2012/07/29_sabzali-mahmadrizoev-2012.jpgТорнамои расмии Ҳизби Наҳзати Исломӣ рӯзи якшанбе, 29-уми июл, навишт, яке аз аъзои ин ҳизб дар Бадахшон хабари шаҳодати Сабзалӣ Мамадризоевро ба онҳо расонидааст. Ба таъкиди ин торнамо, ҲНИТ аз марги узви Раёсати Олӣ ва раиси шӯъбаи ин ҳизб дар Бадахшон танҳо пас аз барқарор шудани иртибот бо Хоруғ огоҳ гардидааст.

Бино ба иттилои манбаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Сабзалӣ Мамадризоев рӯзи 23-юми июл пас аз иштироку суханронӣ дар гирдиҳамоии мардумӣ аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт ва ҷасади ӯро танҳо пас аз ду рӯзи ин воқеа дарёфт намудаанд.

ҲНИТ дар торнамои расмии худ гуфтааст, Сабзалӣ Мамадризоев пас аз боздошт "мавриди таҳқиру лату кӯб қарор гирифта, баъдан тариқи холӣ кардани як тирдон тир ба ҷисми ӯ аз тарафи низомиён" кушта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеи расмӣ гуфта буданд, ки Сабзалӣ Мамадризоев "дар рафти амалиёти махсус" кушта шуда, аз назди ҷасади ӯ як автомати Калашников ва ду норинҷак дарёфт кардаанд.

Сабзалӣ Мамадризоев соли 1980-ум дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, солҳои 2005-2011 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар риштаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил кардааст. Аз соли 2011-ум раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дошта, узви Раёсати олии ин ҳизби динии сиёсӣ буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi