06:02:52 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30      

ДАР ХОРУҒ ПОСТГОҲҲОРО БАРЧИДАНД

Ҳамаи шаш постгоҳи дохили шаҳри Хоруғ, ки аз ҷониби нерӯҳои давлати таҳти назорат қарор доштанд, аз байн бурда шудааст. Ин постгоҳҳо баъди задухӯрди неруҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин шаҳр дар субҳи 24 июл эҷод шуда ва аз ҷониби сарбоз ва афсарони нерӯҳои давлатӣ таҳти назорат қарор доштанд.

/images/stories/2012/08/16_badakhshan-160812.jpgДар чанд рӯзи пеш низомиёнро дар ин постгоҳҳо кормандони БДА ( бозрасии давлатии автомобилӣ) ва ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони шаҳр иваз карданд. Зарурати иваз намудани низомиён дар ин постгоҳҳо пас аз ҳодисаи рӯзи 10-уми август дар пости  Бидурд, ки дар он аз тирандозии як сарбоз ду нафар мусофири автомашинаи сабукрав ба ҳалокат расиданд, ба миён омад.

Як манбаи огоҳ аз вазъи шаҳри Хоруғ ба радиои «Озодӣ» гуфт, аз байн бурдани ин постгоҳо яке аз талаботи мардуми шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 11-уми август дар назди бинои ҳокимияти ин шаҳр гирдиҳам омада ва ихроҷи нерӯҳои эъзомшуда аз марказ дар ин вилоятро шарт гузошта буданд.

Манбаъ афзуд, ки хуруҷи нерӯҳо низ аз Хоруғ шурӯъ шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло танҳо се пости БДА, ки қаблан низ дар шаҳр  амал мекард, боқӣ мондааст. Ин манбаъ гуфт, ки бо мусоидати гурӯҳи миёнарав мавқеи ҷонибҳои музокиракунанда хеле наздик шудааст ва гумон аст, ки баъди иҷрои шартҳо масъалаи ташкили дубораи тазоҳурот ба миён ояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi