14:33:09 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОМИССИЯИ МАХСУС САБАБҲОИ СУҚУТИ ЯК-52-РО ТАҲҚИҚ МЕКУНАД

Дар ҳодисаи субҳи якшанбе ду халабони ин ҳавомаймои варзишию ҳарбӣ кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон хабари суқути ҳавопаймои Як-52 ва ҳалокати ду халабони онро тасдиқ мекунанд.

/images/stories/2012/08/20_samalet_200812.jpgФаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон 20 август ба мо гуфт, ки дар ҳақиқат субҳи рӯзи якшанбе ҳангоми анҷоми як парвози тамринӣ ҳавопаймои ҳарбӣ-варзишии мутааллиқ ба нерӯҳои ҳавоии Вазорати дифоъ Як-52 дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ, дар шашкилометрии ғарби пойтахти Тоҷикистон суқут кард ва ду сарнишини он кушта шуданд.

Маҳмадалиев гуфт, тибқи гумонҳои пешакӣ, ҳарду сарнишин - Сӯҳроб Бойпочоев ва капитан Алексей Кошелев ҳангоми бархӯрд бо замин ба ҳалокат расиданд. Ба қавли сухангӯи ин вазорат, таҳқиқи шурӯъшуда нишон дод, ки ҳавопаймо “хуб” ба ҳаракат даромад ва “мувофиқ ба соату замони парвоз” боло шуд ва ҳанӯз то баландии зарурӣ набаромада, ба замин сарозер шуд. Инро шоҳидони ҳодиса – сокинони атроф ба радиои Озодӣ ҳам тасдиқ карданд.

Дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус таъсис дода шудааст ва он сабаби ин садамаро мавриди омззиш қарор додааст. Ҷаноби Маҳмадалиев гуфт, аз рӯи иттилои онҳо Як-52 мушкили фаннӣ надошт ва иҷозати анҷоми парвозҳоро ҳам дар ихтиёр дошт.

Шоҳидон мегӯянд, ки лаҳзаи ба замин бархӯрдани ҳавопаймо “ба ҳадде сахт” будааст, ки сокинони атрофи фурудгоҳи Айнӣ низ садои фоҷеаро шудина дар назди девори фурудгоҳ ҷамъ шудаанд.

Як сокини шаҳраки Навобод (дар гузашта шаҳраки Айнӣ) Саломат Бобоҷонова хабар дод, ки ҳодиса субҳи якшанбе дар соати 10:00 рух дод. Вай гуфт, садои ба замин бархӯрдани ҳавопаймо сокинони маҳаллиро ба назди девори фурудгоҳи низомии Айнӣ кашондааст ва онҳо дидаанд, ки ду сарнишини он даргузаштанд.

Бахши авиатсияи шаҳрвандии Вазорати нақлиёт низ суқути ҳавопайморо тасдиқ кард ва гуфт, “Як 52 ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон», ки ҳар сол дар Тоҷикистон 19 август таҷлил мешавад, мехост, як парвози тамриниро анҷом диҳад. Тибқи иттилои ин манбаъ, ҳавопаймо марбут ба ДОСААФ будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi