16:50:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30

РОМНӢ ПАРВАНДАИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО "БОХТИ БУЗУРГ"-И ОБАМА ХОНД

Митт Ромнӣ, номзад ба мақоми президентии ИМА, сиёсати Барак Обама дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эронро “бохти бузург” хонд. Вай қавл дод, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, дар робита бо барномаҳои ҳастаии Эрон мавзеъгирии комилан дигарро дар пеш хоҳад гирифт.

/images/stories/2012/09/10_barak-romni-100912.jpgРомнӣ гуфт: “Шояд бузургтарин бохти Обама ба бузургтарин хатар иртибот дорад, ки Амрико ва ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ ҳастанд ва он Эрони ҳастаӣ мебошад. Президент моро аз Эрони ҳастаӣ дур накард. Дар асл Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шудааст, ба қудрати ҳастаӣ наздик шудааст нисбат ба он даврае, ки Обама ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаста буд. Ба ақидаи ман, ин бузургтарин бохт дар сиёсати хориҷии вай аст”.

Ромнӣ нагуфт, ки сиёсати худро бар зидди Эрон дақиқан чӣ тарз тарҳрезӣ хоҳад кард, вале афзуд: “Ба мо зарур аст, ки аз ҳар имкон истифода кунем, то Эронро аз роҳи пешгирифтаи ҳастаиаш баргардонем, вале ин бад-он маъно нахоҳад буд, ки мо роҳи ҳалли низомиро сарфи назар мекунем. Ин як роҳест, ки албатта, ягон амрикоӣ намехоҳад аз он замоне истифода шавад. Вале мо ин роҳро аз мадди назар дур намекунем”.

Эрон ҳоло мушкилтарин марҳиларо аз сар мегузаронад, зеро таҳримҳои Амрикову Аврупо идома дорад ва музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои нерӯманди ҷаҳон вориди бунбаст шудааст.

Дар гузориши ахири Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ, вобаста ба СММ омадааст, ки Эрон дар корхонаи зерзаминии ҳастаии худ дар Фурдо бештар аз 1 000 дона сентрифуги нави дигарро барои ғанисозии уран насб кардааст. Ин корхона дар наздикии шаҳри Қум дар зери замин аст, ки ба он бомба осеб намерасонад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 tojir 11.09.2012 10:09
ey Митт Ромнӣ agar tu va sadtai digar ay tuda zurtar ham prezidenti amerika shavand boz ham nametavonand eronro az korxonahoi hastaiash man kunand. erona tahrim karded xudton muhtoji neftush shudaed vale sira boy nameten . az vagte eron tahrim shud binzin dar amerika chand shudaast? hamlai nizomi ba eron barobar ast bo nobudii amerika va isroil. mutmain boshed amriko dar har joe ki ya manofe dorad va dar har kishvare ki boshad az bayn meravad . az hama peshtar isroil nobud meshavad . zinda bod eron.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi