09:48:33 06-уми Июни 2025 сол

ТАРКИШИ ГАЗ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Таркиши газ шоми 24-уми сентябр дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро такон дод.

 

Дар натиҷа як нафар ҷароҳати вазнин бардошта ва чанд ҳуҷраи ошёнаҳои ин манзил тахриб шудааст. Бархе аз шоҳидон мегӯянд, ки шумори захмиҳо якчанд нафар мебошад. Ин таркиш дар ошёнаи дуввуми бинои чорошёна, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар наздикиҳои Сирки давлатӣ, ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ истифодаи нодуруст аз гази табиӣ гуфта мешавад. Ба нақли шоҳидони ҳодиса, қувваи таркиш хеле шадид будааст ва бар асари он деворҳои ду манзили зист фурӯ рехтаанд.

 

Тайи ду соли ахир ин бори севвум аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳодисаҳои таркиши шадиди газ рух медиҳад. Соли гузашта таркиши гази табиӣ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе боиси марги ду нафар гардид.

 

Ҳамчунин қаблан инфиҷори газ дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи марказии пойтахт 6 нафарро маҷрӯҳ ва якчанд манзили зистро валангор кард.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854