04:21:43 17-уми Июни 2025 сол

ИСТЕҲСОЛИ МОҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ ТАЛАБОТ САДҲО МАРОТИБА КАМТАР АСТ

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон таи 7 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 215 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст, ки ин дар муқоиса бо талаботи кишвар садҳо маротиба камтар арзёбӣ мешавад. Талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба моҳӣ, тибқи меъёрҳои физиологӣ 23 кг сари як нафар муайян шудааст ва мувофиқан ба 172 ҳазор тонна баробар мебошад.

/images/stories/2012/09/23_riba-230912.jpgҚонеъ намудани талаботи аҳолии Тоҷикистонро бо моҳиро масъулини КВД «Моҳии Тоҷикистон» мақсади асосиашон меномад. Масъулини КВД мегӯянд, тибқи барномаи «Рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015» ки тобистони соли 2008 –ум аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, истеҳсоли моҳӣ бояд то соли 2015 ба 2,5 ҳазор тонна расонда шавад.

Коршиносони моҳипарварӣ монеаҳои рушди соҳаро дар Тоҷикистон, набудани хӯрокаи моҳии истеҳсоли дохилӣ ва таҷҳизоти зарурӣ меномад. Масъулини ин бахш мегӯянд, қарори ҳукумати Тоҷикистон оиди ҷудо намудани замини обӣ барои кишти хӯрокаи моҳӣ ба таври зарурӣ иҷро нагардидааст ва масоҳати лозимаи замин ҷудо нашудаст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 24.09.2012 12:48
hamu ordmona arzon knen kati kartushkavu piozu rughan . guzashtem az bahri mohi .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ