05:19:54 17-уми Июни 2025 сол

БОЗОРИ ОРДИ ТОҶИКИСТОН ПОЙБАНДИ БОЗОРИ ХОРИҶА АСТ

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории кишвар яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани нархи ордро дар Тоҷикистон болоравии арзиши гандум дар бозори ҷаҳонӣ унвон намуданда, мегӯянд ин омил дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интизории ғалладона дар кишварҳои истеҳсолкунанда, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, ИМА ба вуҷуд омадаст.

/images/stories/2012/09/23_cafood-230912.jpgАфзоиши навбатии қимати орд дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шуд, ки ба қавли харидорон як халтаи 50 киллограмии орди навъи якуми қазоқӣ 20-30 сомонӣ қиматтар шуда, 165-175 сомониро ташкил медиҳад.

Ба қавли масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, пойбандии бозори орди кишвар ба хориҷа ва номуназзамии воридоти он низ ба гаронашвии нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонидааст.

Тибқи иттилои хадамоти мазкур дар моҳҳои июн-июли соли равон воридоти орду гандум ба кишвар, аз ҷумла ба шаҳри Душанбе нисбатан кам шудаст.

Тайи ин ду моҳ воридоти орд ба пойтахт 38,3 фоиз ва гандум 7,9 фисад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа талабот аз пешниҳод бештар шуда, мувозинати талаботу пешниҳод вайрон гардидааст, ки ин дар навбати худ барои афзоиши нархҳо мусоидат кардааст.

Дар маҷмӯъ тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 210,2 ҳазор тонна орд ва 395,7 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд ҳудуди 1,7 миллион тонна гандум ё 1,1 миллион тонна орд арзёбӣ мешавад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 safar 24.09.2012 12:35
salom . ammo illati garon shudani ord in ast ki dar asari fishor ovardani hukumati shahr ki ordro 100 somon bifurushed tojiron digar kamtar ord vorid kardand va onho meguftand ki yak kissa ord 110 somon to tjk xarj bardoshta ast ammo ubaydulloev po fishori mekard ki boyad 100 somon bifrushed. illati garon shudanash niz hamin ast ki tojiron kam ord vorid kardand pas azin fishorho. baroi inki ord arzon shavad nalogi bozoru gumrukro hukumati mo boyad kam kunad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ