03:35:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТАЪВИҚИ УМУРИ СОХТМОНӢ ДАР САНГТӮДА-1

 

Умури сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба таъвиқ уфтодааст. Гуфта мешавад, ки ин амр ба далели адами шароити молӣ барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ сурат гирифтааст. 

Иннокентий Ким, ёвари раиси ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1", рӯзи сешанбеи 26 май дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки мушкили аслӣ дар ин замина пардохт накардани бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" барои истифода аз нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ аст. Тибқи иттилоъи вай, аз замони оғози кори нахустин турбини ин нерӯгоҳ дар авоили соли гузашта ширкати "Барқи тоҷик" маблағи 18 милюн дулор ба ин нерӯгоҳ бидеҳкор шудааст.

Зимнан, нерӯгоҳи Сангтуда-1 аз сӯйи ширкати русии "Интер РАО" эҳдос мешавад. Эҳдоси ин нерӯгоҳ бо тавони тавлиди 670 меговот нерӯи барқ дар сол дар авохири даҳаи 1980 оғоз шуда ва ҳудуди 20 дарсади корҳои сохтмонӣ дар он замон анҷом шуда буд. 

Вале баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991 давлати Точикистон натавонист барои идомаи ин тарҳ маблағи зарурӣ пайдо кунад.

Дар пайи имзои як созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ дар соли 2004 ширкати "РАО ЕЭС"-и Русия бо касби 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба эҳдоси он пардохт.

Ба гуфтаи Иннокентий Ким, ҳоло ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1" барои идомаи умури сохтмонӣ маболиғи зарурӣ дар ихтиёр надорад ва наметавонад ба коргарон низ ҳуқуқи онҳоро бипардозад. Вай хабар дод, ки мақомоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла, Оқил Оқилов, нахуствазир, дар ин бора огоҳ шудааст. 

Моҳе қабл Игор Сечин, муъовини нахуствазири Русия, зимни боздиди худ аз Тоҷикистон аз маҳалли эҳдоси ин нерӯгоҳ дидан карда буд ва расонаҳои гурӯҳӣ аз қавли ӯ хабар дода буданд, ки ҷонибҳо тавонистаанд дар мавриди бозпардохти бидеҳиҳои "Барқи тоҷик" барои истифода аз барқи тавлиди Сангтӯда-1 ба тавофуқ бирасанд. 

Оқои Ким мегӯяд, ки воқеъан чунин тавофуқ ба даст омада буд, вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол барои пардохти бидеҳиҳои худ ҳеҷ иқдоме накардааст. 

Вай афзуд, ки аз чанд рӯз пеш бад-ин сӯ турбини чаҳорум ва охирини ин нерӯгоҳ фаъол шудааст ва куллияи барқи тавлиди Сангтӯда-1 дар ихтиёри ҷониби Тоҷикистон қарор дорад. Интизор мерафт расми баҳрабардории комил аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар моҳи ҷорӣ бо ширкати руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия баргузор шавад.

Вале манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки баргузории ин маросим ба таъвиқ уфтодааст, зеро умури сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси ин нерӯгоҳ ҳамчунон идома дорад. Ҳамакнун ба гуфтаи оқои Ким, интизор меравад ин тадбир дар моҳи август дойир шавад. 

Манобеъи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки ин ширкат аз авоили соли ҷорӣ нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳро бо қимати беш аз се сенти омрикоӣ харидорӣ мекунад ва иллати пардохт нашудани бидеҳиҳояш ба Сангтӯда-1 мушкили ҷамъоварии қимати истифода аз нерӯи барқ аз муштариён аст. 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ширкати "Барқи тоҷик" онҳо моҳиёна то 90 дарсади қимати истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ҷамъоварӣ мекунанд. 

www.bbc.co.uk/tajik 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi