22:02:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАХУСТИН БАҲСИ РӮБАРӮИ ОБАМА ВА РОМНӢ

Баъди чанд моҳи корзори алоҳида ҳарду муддаии курсии раҳбарии Амрико дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо 90 дақиқа баҳси рӯбарӯ хоҳанд кард. Ин баҳси аввал аз 3 баҳси телевизионист, ки байни Обама ва Ромнӣ дар ин корзори пешазинтихоботӣ доир хоҳад шуд.

/images/stories/2012/10/03_romny-barak-31012.jpgОхирин назарсанҷиҳо бартарии андаки Обамаро нишон медиҳанд, вале таҳлилгарон мегӯянд, Ромнӣ дар сурати комёбӣ дар баҳси шаби чоршанбе метавонад ба ҳарифаш бирасад. Кайл Кондик, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Маркази сиёсатҳои Донишгоҳи Вирҷиния мегӯяд, ҳарчанд баҳсҳо муҳиманд, вале таърихан дар райъгирии ниҳоӣ асар надоштаанд:

“Яқинан, Ромниро лозим аст, ки дигар мутмаинан ба ягон иштибоҳи бузург роҳ надиҳад. Ва шояд ӯ талош кунад, то президентро ба ягон иштибоҳ таҳрик диҳад. Дар мавриди чӣ қадар мавзӯъи муҳим будани баҳсҳо суолҳое вуҷуд дорад, вале бо такя ба ин ки ин баҳсҳо аз рӯйдодҳои бузурги тақвиманд, зоҳиран Ромниро зарур аст, ки ин ҳамаро хуб анҷом диҳад. Бо назардошти ин ки ӯ дар сабқати президентӣ ақиб мондааст.”

Маъракаи пешазинтихоботии Ромнӣ дар ин авохир бо як силсила моҷароҳо рӯбарӯ буд, ки як моҷарои умдааш нашри навори видеоии сӯҳбати ӯ бо кумакрасонҳои сарватманд буд. Ромнӣ дар ин сӯҳбат гуфт, 47 дарсади амрикоиҳо, ки рӯи ин ё он навъи имтиёзҳои давлатӣ ҳисоб мекунанд, ҳеҷ гоҳ “масъулияти шахсӣ... барои зиндагии худро” ба дӯш нахоҳанд гирифт.

Дар баҳси имшаб болои Ромнӣ ҳамчунин фишор хоҳанд овард, то ҷузъиёти барномаи иқтисодиашро рӯшан ва ба интихобкунандагон собит кунад, ки пешниҳодҳои ӯ беҳтар аз он чист, ки Обама мегӯяд. Ба Ромнӣ ҳамчунин лозим аст, ки мизони маҳбубияташро боло барад.

Як назарсанҷии охир ҳокист, ки  дар миёни афроди барои амрикоиҳо номаҳбуб Ромнӣ ҳатто аз раисиҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буш болотар аст. Ин дар ҳолест, ки баҳсҳои қаблии Ромнӣ дар дохили ҳизби ҷумҳурихоҳ  ҳам чандон суфтаву ҳамвор набуд ва баъзан аз забони ӯ ибораҳое берун меҷаст, ки ба зиёнаш кор мекард.

Вале собиқаи баҳсҳои Обама низ чандон хубе нест. Ӯ бо асабонӣ кардани мунтақидонаш ва бо вуруди назарбаландонаву фориғболона ба саҳнаи баҳс маъруф аст.Таҳлилгарон мегӯянд, Обама бояд интихобкунандагонро мутмаин созад, ки ончӣ ки дар давраи аввали раёсаташ анҷом надод, аз ҷумла ваъдааш ба эҳёи иқтисоди Амрикоро дар даври дувум ба поён хоҳад расонд.

Кайл Кондик мегӯяд, бартарии Обама дар назарсанҷиҳо имкон медиҳад, ки ӯ дар баҳси имшаб худро роҳат ҳисс кунад, вале бояд ҳатман эҳтиёт ҳам кунаду гоҳе ҳам - ҳозирҷавобӣ. Чунин як ҳолат дар баҳси 4 сол қабли пешазинтихоботии ӯ бо Ҳилларӣ Клинтон пеш омада буд. Муҷрии баҳс аз хонум Клинтон пурсид, ки оё назар ба ӯ болотар будани маҳбубияти Обама дар байни мардум ба вай сахт намерасад? Обама бидуни онки сар аз коғаз боло кунад, ҳозирҷавобӣ кард ки: “Шумо ба қадри кофӣ маҳбубед, Ҳилларӣ!”

Баҳси якуми номзадҳо рӯи масоили сиёсати дохилист. Баҳси дувуми Обама ва Ромнӣ ба сиёсати хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ ҳарду муддаии Кохи Сафед тамоми масоилеро, ки мехоҳанд, ба майдони баҳс хоҳанд рехт.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 03.10.2012 13:13
obama yak shaxsi durughgu ast. va dar davrai yakumi hukumatash chi cholish hoe iktisodie badoshtaas? ammo az hanghoi u ki saro po hama zarar ba mardumi amriko ast kobili inkor nest.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi