13:55:21 17-уми Июни 2025 сол

ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТААСТ

Аз аввали соли равон то ба ҳол аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонони ҷумҳурӣ 343 ҷиноят ба вукӯъ пайвастааст, ки нисбат ба соли гузашта 64 ҷиноят зиёд мебошад. Ин нуктаро Зебунисо Холдорбекова, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон зимни мулоқоташ бо хонандагони мактаби№ 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иброз дошт.

/images/stories/2012/10/07_draka-071012.jpgНомбурда зимни баромадаш падару модаронро ба вазъи имрӯзаи ҷинояту ҷинояткориҳо байни хонандагон аз наздик ошно намуд ва таъкид кард, ки мақсад аз баргузории ин мулоқот - паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҳимояи ҳуҳуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон мебошад.

Дар ин вохурӣ гуфта шуд, ки вақтҳои ахир гашту гузори шабонаи ноболиғон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе зиёд гардидааст, ки ин  оқибати хуб надорад.

Масъалаи ба марказҳои бозиҳои бурднок, ҷойҳои дилхушӣ, марказҳои кампютерӣ рафтани ноболиғон, риоя нанамудани либоси ягонаи мактабӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дарс низ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт.

Ҳамчунин зимни ин мулоқот қайд гардид, ки чунин сӯҳбату вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо дигар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт минбаъд низ сурат мегирад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 07.10.2012 14:57
javononro az masjid man kardi okibatash hamin meshavad .holo in avvali kor ast badtar ham xohad shud.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ