18:37:00 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"СЕДОЙ" АЗ МАҲБАС НЕ, АЗ ҲУКМИ ДОДГОҲ НОРОЗИСТ

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев пас аз як сол муваффақ шуд, ки бо бародараш, дар боздоштгоҳи мувақатии КДАМ мулоқот намояд.

/images/stories/2012/10/08_ghaffor-mirzoev-081012.jpgОиша Мирзоева рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии бародараш Ғаффор Мирзоев дар боздоштгоҳ хуб аст ва ӯ ҳеҷ шикояте надорад. Вай аз мақомоти ҳукуматӣ, ба хусус аз Додситонии кул хоҳиш дорад, ки ба парвандааш расидагии тоза сурат бигирад.

Оиша Мирзоева меафзояд, ки бародараш дар се маврид аз ҳукми Додгоҳ норозӣ аст ва мехоҳад, ки парвандааш бознигарӣ шавад. Ғаффор Мирзоев тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ бо ҷурми «одамкушӣ» ва гузаронидани маводи ғайриқонунӣ аз тариқи гумрук низ маҳкум шудааст ва мехоҳад дар ин масъала рӯшанӣ андохта шавад.

Масъалаи дигар, эълони ҳукми абад аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аст, ки соли 2006 дар нисбати вай содир шудаааст. Ба қавли Оиша Мирзоева, вақте «ҳукми абад» алайҳи бародараш дар соли 2006 эълон шуд, дар Тоҷикистон ҳукми абад ҳамчун навъи ҷазо ба иҷро надаромада буд.

Баро рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Ғаффор Мирзоев борҳо ба унвони Додситонии кул ва Додгоҳи олии кишвар нома навиштааст, аммо танҳо дар як маврид гурӯҳе аз ходимони додситони назоратӣ ба боздоштгоҳ омада аз чашмак (глазок) ба ӯ нигоҳ карда рафтаанд.

Баъд аз ин Ғаффор Мирзоев се моҳ - шурӯъ аз моҳи декабри 2010  то феврали  соли 2011 даст ба гуруснанишинӣ зад, аммо тавре хоҳари ӯ мегӯяд, бо вуҷуди ин, ҳеҷ намояндаи мақомоти дахлдор ба додаш нарасидааст.

Оиша Мирзоева мегӯяд, ки қаблан дар ҳафтае ду маротиба барои бародараш хӯрок мебурд ва аз тарафи кормандони боздоштгоҳ қабул карда мешуд. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин тараф дар 6 моҳ расонидани хӯрока ба маҳбусонро танҳо як маротиба қабул мекунанд. Ҳоло дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мағоза боз карда шудааст ва барои маҳбусҳо танҳо пул интиқол дода мешавад.Оиша Мирзоева мегӯяд, ки бародараш аз шароити нигоҳдорӣ дар боздошт шикоят надорад.

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии пешин ва раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон, мулаққаб ба “Ғаффор –Седой” дар августи соли 2004 боздошт ва дар августи соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар беш аз 90 ҷиноят маҳкум ба ҳабси абад шуд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #2 asf 09.10.2012 15:59
бо ҷурми даст доштан дар беш аз 90 ҷиноят маҳкум ба ҳабси абад шуд.charo fagat ghaffor sidoy ? dar tjk hastand kasone ki bo jurmi 100 parvandai jinoi boz ozod gashta istodaand. kotil va odam kushone hastand ki rohat dar ozodiand.agar marded odilona hukm kuned.
 
 
0 #1 asd 09.10.2012 15:34
Ҳоло дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мағоза боз карда шудааст ва барои маҳбусҳо танҳо пул интиқол дода мешавад. bale in maghozaro baroi pul korkunii xudashon boz kardaand. ba zindoni pul mebari vale hamin ki az peshi tu zindoniro berun burdand zindonbonon to suroxi kuni bechorai zindoniro mekoband va 1 somon ham boshad onro megirand. daleli ki diruz az peshi chashmi mo misli ruz guzasht kushta shudani hamza bud ki bar asari pul nadodani pul ba zindonbonon vahshiona kushta shud.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi