05:51:37 17-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛИИ РУСИЯ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

/images/stories/2012/10/10_muloqot-rahmon-101012.jpgДафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе 10-уми октябр ба мо гуфт, президенти Тоҷикистон қабл аз оғози ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, вазири умури дохилаи ин кишвар Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин дидор масоили мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон хостори тақвияти ҳамкориҳои мақомоти қудратии Русияву Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта ва дастгир кардани ҷинояткорон дар қаламрави ин кишварҳо шудааст.

Ба дунболи ин мулоқот дар пойтахти Тоҷикистон коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба кори дурӯзаи худ оғоз кард. Интизор меравад дар ҳошияи ин нишаст, қарордоди таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ба имзо расад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 10.10.2012 16:25
bo putin didor kard va zamini tjk ro ba muddati 30 sol be pul bo russia dod bo bovaziri russia mulokot kardaast? mo ki meguem be pul ishtiboh mekunem dar voge 7 soli digar janob oligii xudro tamdid kardaast. ba sharte sozishnomaro imzo kard ki 7 soli digar sari kursii xud boshad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ