10:33:55 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Э.РАҲМОН АЗ ТОҶИКОНИ АВРУПО ХОСТ БО ҲУКУМАТ ҲАМКОРӢ КУНАНД

Эмомалӣ Раҳмон аз тоҷикони Финланд ва қитъаи Аврупо даъват кардааст, ки шарикони доимии ҳукумат бошанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 23-юми октябр бо сафари серӯза озими Финланд шуд, нахустин мулоқоташро бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин кишвар анҷом додаст.

/images/stories/2012/10/24_emomali-rahmon-241012.jpgТибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кардааст, ки робитаи Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо аз марҳилаи «шиносоии мутақобила» ва «интизории қадамҳо ба сӯи якдигар» гузаштааст ва барои густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла бо ҷалби ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин қитъа заминаи хуб фароҳам аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз тоҷикони Финланд ва қитъаи Аврупо даъват кардаст, ки шарики ҳукумат бошанд: “Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд».

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаст, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон ба қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад.»

Мақомоти давлатӣ иттилоъ медиҳанд, ки  дар ҷараёни сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Финланд имзои созишномаи нагирифтани андози дубора ва кӯмак барои дарёфти андоздиҳандагони ниҳоншуда дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, чунин сафарҳо аз як расмият беш нестанд ва барои Тоҷикистон манфиати зиёд намеоранд. Онҳо илова мекунанд, ки дар таъйини масирҳои сафари расмии раҳбари кишвар барномаҳои бузургҳаҷм ба назар намерасанд.

Дар 3-4 соли охир президенти Тоҷикистон ба кишварҳое, мисли Хорватия, Бразилия, Маҷористон, Люксербург, Тайиланд, Дания, Литва, Эстония, Яман, Сенегал, Булғористон ва ғайра сафар дошт. Аммо ин сафарҳо дар сиёсати хориҷии кишвар ҷойгоҳи муҳим касб накарданд ва кам иттифоқ афтодааст, ки онҳо ба сатҳи ҳамкорӣ бо ин мамолик таъсири зиёд гузошта бошанд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Фазлуддин 24.10.2012 18:18
Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаст, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон ба қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад.» avval ba mardumi hamin sarzamine ki dar doxili tjk zindagi mekunand hukumat va janobi oli rasidagi kunand bad navbat ba berun marzihoi tojikon merasad. mardum hama gulomii kishvarhoi digarro mekunand az kambaghali in mardak boz mexohad baroi kishvar nunxuri ziodi davat kunad dar hole ki mardumi xudash dar duruni kishvar nuni xurdan nadorand.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi