03:26:44 26-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАИСҶУМҲУРИ ТУРКИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

 

 Бегоҳи имрӯз, 28-уми май, раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ду ҳафтаи ахир ин боздиди дуввумин раисҷумҳури кишвари хориҷӣ аз Тоҷикистон аст. Ҳафтае қабл Душанбе мизбони Степан Месич, раисҷумҳури Хорватия буд. 


Бино бар гуфтаи мақомот, пас аз дидори раисҷумҳурони Туркия ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул як силсила аснод қарор аст, ки ба имзо бирасанд. Бар асоси барномаи сафар, Абдулло Гул ҳамчунин бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, раисони палатаҳои порлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев вомехӯрад.

 

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯбаи сафар, раисҷумҳури Туркия қарор аст, аз корхонаи алюминиюми Тоҷикистон «Талко» дар шаҳри Турсунзода ва як литсеи туркӣ-тоҷикӣ дидан бикунад.

 

 Дидори ӯ бо туркҳои муқими Тоҷикистон ва омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шуда будааст. Раисҷумҳури Туркия ширкатдори ҳамоиши соҳибкорони тоҷику турк дар рӯзи 29-уми май низ хоҳад буд. Абдулло Гулро дар ин сафар беш аз 100 нафар соҳибкорон ва раҳбарони ширкатҳои давлативу хусусӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамроҳӣ мекардаанд.


Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки табодули коло дар чаҳор моҳи соли ҳолӣ миёни ду кишвар тақрибан 55 миллион долларро ташкил додааст, рақаме ки аз ҳамин замони соли гузашта 26,3 дарсад бештар будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi