01:02:38 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

А.АБДУҚАҲҲОР: МАҚСАДИ НИҲОИИ МО БА 5-УМИН ШАБАКАИ МИЛЛӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ ТВ «ПОЙТАХТ» АСТ

Темур Раҷабализода «Рӯзгор»

Бо гузаштан ба пахши шабонарӯзии телевизиони «Пойтахт» масъулини ин шабака бар ин  назаранд, ки аз ин ба баъд ин телевизион дар фазои иттилоотии кишвар ба рақобати ҷиддӣ мебарояд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори тозатаъини шабакаи мазкур дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иброз дошт, ки акнун телевизиони «Пойтахт» умуман як телевизиони дигар мешавад.

/images/stories/2012/11/08_abduqodiri-abdulqahhor_2012.jpgНомбурда мегӯяд, ин шабака мутобиқ ба телевизиони қарни 21 шуда се омили асосӣ-иттилоот, фароғат ва маънавиёт, ки ҳоло телевизионҳои ҷаҳон аз руи ҳамин омилҳо фаъолият мебаранд, акнун «Пойтахт» низ бо риояи чунин  омилҳо кор мекунад: «Яъне мо ҳоло форматӣ телевизионамонро дигар кардем. Интизор меравад тақрибан баъди сад рӯз телевизиони «Пойтахт» аз дӯстдоштатарин шабакаҳои миллӣ шавад, ки мо вобаста ба ин масъала ниятҳои хеле ҷиддӣ дорем».

Абдуқодири Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки аз якуми январ ба спутник, ба моҳвора пайваст мешаванд, эҳтимол меравад, ки телевизиони «Пойтахт»-ро дар 50 давлатӣ дунё тамошо кунанд ва ҳадафи ниҳоии онҳо ба 5-умин шабакаи миллӣ табдил додани телевизиони «Пойтахт» мебошад.

Ин ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки тибқи як маниторинг, ки чанд рӯз пеш дар кӯчаи марказии шаҳри Душанбе гузарониданд, маълум шудааст, ки аллакай 30% бинандагони 4 шабакаи дигари давлатӣ ба телевизиони «Пойтахт» гузаштаанд.



Шарҳҳо   

 
0 #1 student 09.11.2012 23:09
Абдуқодири Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки аз якуми январ ба спутник, ба моҳвора пайваст мешаванд, эҳтимол меравад, ки телевизиони «Пойтахт»-ро дар 50 давлатӣ дунё тамошо кунанд. mexohed mardum dunyo chiro az tjk binand? fagat raksu bozi ? fagat dingala guzak? shumo yak peshrafti hukumati nadoshtaed . iktisodi kishvar dar darajai sifr karor dorad . siosati kishvar langu bejon ast onvagt mexohed ba dunyo chi arza kuned? malum ast fagat shabnami surayo xay ne?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi