01:04:21 03-уми Июни 2025 сол

БА САДРИДДИН РАВОДИДИ БРИТОНИЁРО НАДОДАНД

Консерти сарояндагони кишварҳои форсизабон дар Лондон бидуни Садриддини Наҷмиддин баргузор шуд. Ба овозхони саршиноси тоҷик Садриддин Наҷмиддин, ки қарор буд дар Лондон дар як консерти муштарак бо Афшин ва Фарҳоди Дарё ширкат кунад, консулгарии сафорати Бритониё дар Алмаато раводид надодааст.

 

Қамариддин Мирзоев, продюссери овозхон, гуфт, Садриддин бо гурӯҳи навозандагонаш, ки раводиди сафар нагирифтанд, ба шаҳри Душанбе баргаштаанд. Оғои Мирзоев гуфт, онҳо барои сафар ба Лондон беш аз як моҳ омодагӣ дида, посухи манфии сафорати Бритониё онҳоро андӯҳгин кардааст. Аммо Садриддин ноумед нест ва ҳоло ӯ ба консертҳои навбатиаш дар базмҳои солинавӣ дар Амрикову Тоҷикистон омодагӣ мебинад, афзуд Қамариддин Мирзоев.

 

Садриддин албоми навбатии худро дар Амрико бо ҳамкории коргардони шабакаи PMC Коҷи Задорӣ таҳия намудааст. Ин албом аз ду бахш таронаҳои бо шеваи эронӣ ва тоҷикӣ сароида шуда иборат аст, гуфт Қамариддин Мирзоев.

 

Фирӯз Баротов, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854