22:06:56 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

САРФИ НАЗАР АЗ ЭЪТИРОЗ МУРСӢ БА ҶОЙИ КОРАШ БАРГАШТ

Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ба қасри раёсатҷумҳурии ин кишвар, воқеъ дар Қоҳира, баргашт, вале то ҳол дар майдони рӯ ба рӯи қаср тазоҳуроти эътирозгарон идома дорад. Рӯзи сешанбе вақте даҳҳо ҳазор эътирозгар дар назди қаср раҳпаймоӣ ташкил намуданд, Мурсӣ ҷойи корашро тарк кард.

/images/stories/2012/12/05_mmiting-mursi-51212.jpgЭътирозгарон аз салоҳияти бидуни маҳдудияти президент, ки ду ҳафта пеш Мурсӣ ба худаш тақдим кард ва ҳамчунон лоиҳаи сарқонуни ин кишвар, ки аз тарафи муттафиқони исломии президенти Миср таҳия шудааст, ба ғазаб омада, истеъфои ӯро талаб доранд.

Мурсӣ мегӯяд, ки баъди қабули сарқонуни нави ин кишвар салоҳиятҳои иловагиро канор хоҳад гузошт. Президенти Миср дастур додааст, ки  назархоҳии умумӣ барои қабули сарқонуни нав 15-уми декабр барпо шавад.

Мухолифини президенти Миср мегӯянд, лоиҳаи конститутсияи нав ҳуқуқи башарро ҳимоя намекунад. Онҳо ҳамчунон Мурсиро бо амали шабеҳи диктаторҳо муттаҳам мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi