01:05:33 03-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛА БА САРБОЗОНИ ХОРИҶӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Мақомот мегӯянд, ки дар як даргирии хунин дар шарқи Афғонистон, ҳадди ақал ҳашт сарбози хориҷӣ ва ду сарбози афғон кушта шудаанд. Ин даргирӣ дар вилояти Нуристон, дар дурафтодатарин вилояти шарқии Афғонистон иттифоқ афтодааст.

 

Як сухангӯйи Нерӯҳои Ёрии Амниятӣ, ISAF, дар Афғонистон гуфт, ки шибҳенизомиёни маҳаллӣ нерӯҳои ISAF-ро аз як масҷид ва баъд дар даруни як русто мавриди ҳамла қарор доданд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ки тамомии ҳашт сарбози хориҷии дар ин даргирӣ кушташуда, омрикоӣ ҳастанд. Дар як эъломияи ISAF омада, ки дар ҳамлаи мутақобили нерӯҳои ISAF "талафоти сангин" ба афроди муҳоҷим ворид омада, аммо эъломия теъдоди дақиқи ин талафотро мушаххас накардааст.

 

Ин хунинтарин ҳамла ба нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон зарфи моҳҳои ахир пиндошта мешавад. Моҳи гузашта як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул, ба марги шаш сарбози итолиёӣ марбут ба Нерӯҳои Ёрии Амниятӣ, ISAF, анҷомид.

 

Дар ҳоле, ки масъалаи афзоиши сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон, ба баҳси доғе дар Урупо ва Омрико табдил шудааст, хушунатҳо дар Афғонистон камокон аз миёни сарбозони хориҷӣ қурбонӣ мегирад. Фармондеҳи аршади омрикоӣ дар Афғонистон дархости афзоиши сарбоз дар Афғонистонро барои мубориза бо шӯришҳо дар ин кишвар матраҳ карда, аммо ҳанӯз ҷавоби равшане ба ин дархост ироа нашудааст.

 

Манобеъи омрикоӣ мегӯянд, Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, мунтазири эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аст, то баъд аз он тасмими худро дар мавриди афзоиши нерӯ дар Афғонистон возеҳ кунад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854