11:28:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСКАВ ТАСДИҚ КАРД, КИ "МУҲОҶИРОН ПУЛИ ХУДРО ПУРРА НАГИРИФТААНД"

Шаҳрдории Маскав барои ҳалли мушкили муҳоҷирони мӯътаризи тоҷик, тасмим гирифтааст, онҳоро дар ихтиёри корфармои нав гузорад. Шаҳрдории Маскав дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ таъхири пардохти маош ба муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Измаилови Шимолиро тасдиқ кардааст.

/images/stories/2012/12/14_migrant-141212.jpgАндрей Иванов, котиби матбуоти шаҳрдории Маскав дар минтақаи шимолӣ, ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, воқеан, муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҷониби ширкати хусусии "РЭУ-18" дар кӯчаи 16-уми Парковая ба кӯчарӯбӣ ҷалб шудаанд, маоши худро саривақт ва пурра нагирифтаанд.

Қаблан, 26 муҳоҷири тоҷик, бо баргузории як тазоҳурот дар кӯчаи 16-уми Парковая, талаб карданд, ки маоши нимсолаи онҳо пардохт шавад. Онҳо дар рӯзи аввали боридани барф дар Маскав коршиканӣ намуда, иҷрои дархостҳои худро тақозо намуданд.

Андрей Иванов, дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҳоло ин муҳоҷирон ба поккории кӯчаҳо баргаштаанд, аммо мушкили дарёфти маошашон ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Иванов афзудаст, корхонаи "РЭУ-18" аз мақомоти андоз ҳам қарздор аст ва ҳамаи маблағҳое, ки ба суратҳисоби ин ширкат мегузаранд, барои пардохти андоз равона мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, барои ҳалли мушкили муҳоҷирони кӯчарӯби тоҷик, Иванов гуфтааст, ки онҳо ба ихтиёри ширкати нав гузошта хоҳанд шуд ва "РЭО-18" аз масъулияти идораи поксозии кӯчаҳо озод хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi