00:57:06 03-уми Июни 2025 сол

АЗ ИСТИФОДАИ БАРҚ МАҲРУМ МЕШАВАНД

Бино ба иттилои шабакаи барқи ҷануби минтақаи Қӯрғонтеппа, бо сабаби напардохтани маблағи истифодаи барқ ду барқистифодабарандаи калонтарини минтақаи Қӯрғонтеппа – хоҷагии оби вилоят ва «Тоҷиказот» - и шаҳри Сарбанд аз гирифтани барқ маҳрум карда шуданд.

 

Ба гуфти сардори шабакаҳои барқи ҷануби минтақаи Қӯрғонтеппа Азим Муҳиддинов, агар соли ҷорӣ аз моҳи октябр барқ аз рӯи лимит дода нашавад, зимистони соли 2010 норасоии барқ чун соли 2009 такрор хоҳад шуд.Чунон ки сардори дафтари матбуоти Ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, мутобиқи дастури ширкати мазкур тамоми корхонаҳои аз барқ қарздор пурра аз гирифтани барқ маҳрум карда мешаванд.

 

Барқчиён ба он кӯшиш мекунанд, ки бештар аҳолиро бо барқ таъмин намоянд. Дар масъалаи пойгоҳҳои обкашӣ бошад, муассисаҳои таъминоти барқ ба онҳо аз рӯи реҷаи муайян ва аз рӯи зарурат барқро таъмин хоҳанд кард. Барқ ҳам маҳсулот аст ва ҳақи он чун дигар маҳсулот бояд пардохта шавад, - иброз дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

 

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854