08:15:52 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30        

Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ "ШАБИ АРӮС" ИШТИРОК МЕКУНАД

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми декабр, бо сафари расмӣ озими Туркия шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия, Абдулло Гул, сарвазири ин кишвар, Раҷаб Таййиб  Эрдуғон, раиси парлумони Туркия, Ҷамил Чичек мулоқот карда, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

/images/stories/2012/12/15_emomali-rahmon-141212.jpgБа иттилои манбаъ зимни ин сафар ҳамчунин анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, дар назар буда, инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно боздид хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар медиҳад, ки дар натиҷаи музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Туркия як зумра санадҳои нави  ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо хоҳанд расид.

Тибқи иттилои Оҷонсии омор, ҷумҳурии Туркия ба панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон дохил шуда, ҳаҷми додугирифт миёни ин ду кишвар тайи 11 моҳи соли равон ба 527 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ба фарқ аз шарикони тиҷории дигар, Туркия калонтарин харидори молу колои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба ин кишвар аз воридот ба маротиб зиёд аст.

Туркия аз ҷумлаи аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳимоя кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi