13:02:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИМОМХАТИБОНИ МАСҶИДҲОИ ДУШАНБЕ АЗ АТТЕСТАТСЯ ГУЗАШТАНД

Мувофиқакуниии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» идома дорад.

/images/stories/2012/12/17_masjid-171212.jpgАз Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки тайи ду рӯз мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе дар кумитаи мазкур баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ҳамааш аз мувофиқа гузаштанд ва танҳо як нафари онҳо бино бар сабаби бемор буданаш имкони дар мувофиқа ҳозир шуданро надошт:

«Имрӯз ва фардо бошад имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ аз мувофиқа хоҳанд гузашт. Бояд зикр намуд, ки чорабинии номбурда аз мӯҳтавои талаботи банди 6-и моддаи 11-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бар меояд, ки дар он чунин омадааст: «Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд».

Гуфта мешавад, комиссияи санҷишӣ аз ҳисоби уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин таъсис ёфтааст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi