09:29:59 01-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ПАРЛУМОНИ ТУРКИЯ

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.

Ба нақши Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркия, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ фаъолият дорад, баҳои баланд дода шуд. Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854