09:45:21 01-уми Июни 2025 сол

ТАВОФУҚОТ ДАР БОРАИ БУНЁДИ 3 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БО ҶАЛБИ 122 МИЛЛИОН ДОЛЛАР

Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.

Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Кола Ичечеки Туркия бунёди як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногунро бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ дар назар дорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо сохта мешавад.

Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати Фаровони Тоҷикистон ва ширкати туркии Дегирменчи Кардешлар бошад, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Корхона бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 150 кас соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Танҳо ҳамин рӯз миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани 9 санади дигар рӯзи 18 декабр дар назар аст.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854