02:01:38 03-уми Июни 2025 сол

ЯК ҚУРБОНИИ ДАРГИРӢ ДАР МАРЗ

Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки дар як даргирӣ миёни кормандони дохила ва қочоқбарон дар марз як қочоқбари афғон кушта шуда, аз қочоқбарон 10 килограмм маводи мухаддир мусодира гардидааст.

 

Ба гуфтаи муовини аввали сардори раёсат Шараф Азизуллоев, бо дарёфти маълумоти фаврӣ кормандони дохила дар маҳалли Ниводаки Хоруғ камин гирифтанд, аммо қочоқбарон, ки се нафар буданд, ҳангоми по гузоштан ба соҳил хатарро ҳис намуда, худро ба дарё партофтанд. Вай гуфт, дар ин асно шарикони ашхоси қочоқбар аз ҷониби Афғонистон ба сӯи кормандони дохила тирпарронӣ намуда, ҷавобан тирпарронии дутарафа оғоз гардидааст, ки дар натиҷа як нафар ҳадафи тир қарор гирифтааст.

 

Ба гуфтаи муовини аввали сардори раёсат, 15 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса сокинони деҳаи Ёмҷ ҷасадро пайдо намуданд. Вай гуфт, ташхиси ҷасад ва нишонаи тир дар он собит месозад, ки ин шаҳрванди афғон ҳангоми ҳамли маводи мухаддар дар ҷараёни даргирӣ бо кормандони дохила ҳадафи тир қарор гирифтааст.

 

Сокинони деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон мегӯянд, онҳо ҷасади тахминан 40-45 солаи мардро дар лаби рудхонаи Панҷ пайдо намудааанд. Ҷасад дар ҳузури намояндагони мақомот чун як шахси ҳуввияташ номаълум дар канори деҳа ба хок супурда шуд.

 

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854