НАХУСТИН ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2013
Бо фармон ва амрҳои нави раисиҷумҳури Тоҷикистон баъзе таъиноти кадрӣ сурат гирифтааст. Бино ба фармони нави раисиҷумҳури Тоҷикистон сафорати ин кишвар дар Кувайту Қатар ташкил шуда, масъулияти раҳбарии он ба дӯши Зубайдулло Зубайдов вогузор шудааст. Ҷаноби Зубайдов то ин дам сафири Тоҷикистон дар Покистон буд.
Шералӣ Ҷононов, сардори Раёсати шартномавӣ - ҳуқуқии Вазорати умури хориҷӣ ва Зоҳир Саидов, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, сафирони нави Тоҷикистон дар Покистону Озарбойҷон таъин шудаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои тоҷик "доир ба муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии давлат" дастуру супориш додааст.
Бар асоси фармонҳои дигари президент Рустам Раҳматов, собиқ раиси ноҳияи Айнӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод ва Неъматулло Иноятов, собиқ Сардори бахши харид ва мониторинги Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмонии иншооти гидроэнергетики назди президент, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин гардиданд.
Ҳамчунин, бо амрҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҳомидҷон Боиров, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод, мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи президент, Амирхоҷа Ғоибназаров, собиқ Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи президент, Қурбоналӣ Раҳмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳур оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир, мудири Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроия таъин карда шудаанд.
Қаблан масъулияти ин Шӯъба ба дӯши Саидалӣ Сиддиқов буд, ки ӯ дар соли гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион таъин гардид.
«Озодӣ»