00:12:21 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МИЛОШ ЗЕМАН РАИСИҶУМҲУРИ ЧЕХИЯ ИНТИХОБ ШУДААСТ

Бар пояи иттилоии пешакӣ, нахуствазири пешини Ҷумҳурии Чех раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардидааст.

/images/stories/2013/01/27_milosh-zeman-270113.jpgМилош Земан, узви Ҳизби сотсиал-демократ ва нахуствазири собиқи Ҷумҳурии Чех, бар пояи иттилои расмии пешакӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз шудааст. Дар давраи дувуми интихоботи президентӣ аз ӯ тақрибан 56 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Рақиби ӯ, собиқ вазири умури хориҷии Чехия, муҳофизакор Карл Шварсенберг 44 дарсади овозҳоро дарёфт кард. Даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи ҷумъа шурӯъ шуда буд, рӯзи шанбе поён ёфт ва бар пояи иттилои пешакӣ, дар овоздиҳӣ камтар аз нисфи афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд.

Дар даври аввал Земан бо тахминан 25% овозҳо дар ҷои аввал ва Карел Швартсенберг бо тахминан 22% овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифта буданд.

Мӯҳлати раёсати сарвари феълии давлат Ватслав Клаус 7-уми март поён меёбад. Ватслав Клаус ду давра раисҷумҳури Чехия буда, тибқи қонун дигар наметавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзад.Бори аввал раисиҷумҳури Чехия аз тариқи овоздиҳии умумӣ интихоб мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi