ҶАНҶОЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР БОДКАНД
Дар ҷануби Қирғизистон миёни ҷавонони тоҷик ва қирғиз ҷанҷол ба вуқӯъ пайвастааст. Шаби душанбе дар назди фурӯшгоҳи деҳаи Кӯктоши вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрде миёни ҷавонони маҳаллӣ бо як гурӯҳ ҷавонон аз деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ба амал омадааст.
Як мансабдори деҳаи Чоркуҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, ба мо гуфт, дар минтақае, ки ҷанҷол ба амал омад, хатти марз дақиқ нашудааст ва ва ҳар яке аз ҷонибҳо худро соҳиб мешуморанд. Ӯ афзуд, ки вақте гурӯҳи ҷавонон аз Чоркӯҳ барои харид ба деҳаи Кӯктош рафтанд, ҷавонони сархӯши қирғиз онҳоро таҳқир намудаанд ва ҷавонони тоҷик маҷбур шуданд, аз худ ҳимоят кунанд.
Дар ҳамин ҳол сокинони деҳаи Кӯктош ба мо хабар доданд, ки як гурӯҳи иборат аз камаш 20 ҷавони тоҷик нимашаби душанбе ба деҳаи онҳо ворид шуда, тирезаҳои фурӯшгоҳ, мактаб ва хонаҳои истиқоматии як идда сокинони деҳаро сангборон намуда, даъват карданд, ки ҳар касе мухолифи онҳост, ба майдони набард барояд.
Вале сокини Кӯктош, Фазулло Бегматов, мегӯяд, ки сокинони Кӯктош ба набард набаромаданд ва аз мақомот дархост анмуданд, ки низоъро аз роҳи осоишта ҳал кунанд.
«Озодӣ»