15:08:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАР МАСКАВ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ СААД БАРГУЗОР МЕГАРДАД

 

 3 июн дар шаҳри Маскав дар Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад. Рӯзномаи он қариб 20 масъаларо дар бар мегирад.

Иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои мулоқоти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмонро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ муҳокима мекунанд. Раиси Шӯрои вазирони мудофиа дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаи сохтори воҳидҳои муштараки низомии созмон дар давраи то соли 2010 ва солҳои оянда, лоиҳаи созишномаҳо дар бораи принсипҳои асосии бунёди системаи назорати махфии қувваҳои низомӣ ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра маърӯза хоҳад кард. 

Дар маҷлис ба вазъъияти имрӯзаи Афғонистон ва тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла, паҳн гардидани маводи нашъадор аз ин мамлакат таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда мешавад.

Ҳалима Хушқадамова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi