01:11:21 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОҒОХОНИ IV

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми октябр, Карим Оғохони IV - пешвои рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳонро ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора аз дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба гуфтаи ин сарчашма, мавзуи гуфтугӯ дар ин мулоқот ҳоло мушаххас нест. Вале интизор меравад, ки масоили ҳамкориҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.

 

Раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон дирӯз вориди Тоҷикистон шуд ва тибқи барномаи сафар, ӯ рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе Маркази исмоилиёнро ифтитоҳ мекунад. Дар маросими кушоиши Маркази исмоилиён дар Душанбе ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.

 

Карим Оғохони IV дар чаҳорчӯби сафари худ дирӯз аз Бадахшон, ки аксарияти пайравони мазҳаби исмоилияи кишвар дар ин вилоят ба сар мебаранд, дидан кард ва бо мардум мулоқот анҷом дод. Дар сафари навбатии Оғохон ба Тоҷикистон ӯро пайвандонаш ҳамроҳӣ мекунанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854