ПРОКУРОР ҲАМ ПОРА МЕГИРАД?
28 сентябри соли 2009 дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ тахминан соати 11-30 дақиқа дар кӯчаи Камонгарон назди бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори шӯъбаи назоратии иҷрои қонунҳо дар ҷойи ҳабси пешакӣ ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶТ Салимов Анвар Абдурафиевич дар вақти гирифтани пора ба маблағи 1000 доллари ИМА дастгир карда шуд.
Салимов А.А. аз шаҳрванд “Х” барои аз муассисаи тафтишотии №1 - и Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ озод намудани писараш, ки бо моддаи 141 КҶ ҶТ бо мӯҳлати 2,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, пора талаб кардааст. Маблағи 1000 доллар ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд. Нисбати Салимов А. А. аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба гумонбаршуда чораи пешгирӣ - ҳабс татбиқ карда шуд.
Айни ҳол тафтишот аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ҳамчунин аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки пагоҳ 15 октябр соати 14 дар бинои марказии Агентӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ оид ба 9 моҳи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирии коррупсия баргузор мегардад. Ба саволҳои рӯзноманигорон директори Агентӣ ва сардорони раёсатҳои Агентӣ ҷавоб хоҳанд дод.
А.Ҳаитов, АМИТ «Ховар»