01:01:26 03-уми Июни 2025 сол

ҶАРРОҲӢ БАР ИВАЗИ ПОРА

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд шаҳрванд «Ё» ба Агентӣ муроҷиат намуд, ки духтури ҷарроҳи кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодов Холбозор Кокулович аз вазифаи хизматиаш сӯистифода бурда, барои ҷарроҳии фарзанди шаҳрванд «Ё» аз ӯ ба маблағи 300 доллари ИМА пора талаб намудааст.

 

14 августи соли 2009 Пӯлодов Х.К. баъди гирифтани маблағи 100 доллари ИМА аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Нисбати Пӯлодов Х.К аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан парванда ба суд фиристонида шудааст.

 

Ҳамчунин шаҳрванд «Ҷ» ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат кард, ки директори мактаб - литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳиддинов Қутбиддин Фазлидинович, барои қабул намудани ҷияни шаҳрванд «Ҷ» ба синфи 5 - и мактаб-литсейи мазкур аз ӯ маблағи 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2009 Муҳиддинов Қ.Ф. дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1300 сомонӣ дастгир карда шуд.

 

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбат ба Муҳиддинов Қ.Ф парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 ва 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.

 

А.Ҳаитов, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854