18:59:45 14-уми Июни 2025 сол

Чаҳор адиби тоҷик соҳиби ҷоизаҳои адабӣ дар ин сол шуданд

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо пахши иттилоияе ғолибони имсолаи озмун барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро эълон кард.

adiboni-sol 2013Дар наср Марябонуи Фарғонӣ барои китоби "Шаҳболи хаёл", Насим Раҷаб барои "Даргоҳи меҳру вафо" ва дар назм Раънои Мубориз барои маҷмуъаи шеърҳои "Лаъли Бадахшон ва Давлат Сафар барои китоби "Авҷи парвоз" ғолиб эълон шуданд. Ба гуфтаи Гулназар Келдӣ, як тан аз узви комиссияи мукофотҳои адабии Иттифоқи нависандагони кишвар дар овоздиҳии пинҳонӣ 17 нафар узви раёсати Иттифоқи нависандагон ширкат кардаанд. Қарор аст 29 -уми июни соли ҷорӣ маросими тақдими диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 1000 (ҳазор) доллари амрикоӣ ба ҳар ғолиб баргузор мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шудааст ва ҳар ду сол барои асарҳои насрии беҳтарини сол дода мешавад. Қаблан адибони шинохтаи кишвар Бахтиёр Муртазоев, Маҷиди Салим, Шералӣ Мӯсо ва Абдунабӣ Сатторзода шоистаи ҷоиза дониста шуда буданд. Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода бошад соле баъд (1989) таъсис гардид ва аз аввалинҳо шуда онро Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Нуқраи Суннатниё, Гурез Сафар ва дигарон дарёфт намуданд.

ӯзгор" ин чаҳор адиби пирӯзро муборакбод мекунад ва барояшон комёбиҳои беназир ва тансиҳатию илҳоми саршор таманно дорад.

ӯзгор"

Шарҳҳо   

 
+1 #2 РузгорGuest 16.07.2013 12:38
Салом бонуи азиз, Раънои Мубориз. Аввало боз як бори дигар Шуморо бо ин мукофоти оли табрик мегуем ва дуввум аз Шумо узр мепурсем, ки аз мо чунин иштибох рафтааст. Хохиши мо ин аст, ки акси зебоятонро бифиристед, то мо ин камбудии худро ислох кунем. Нишонии мо info@ruzgor.tj ... Бо эхтироми самими ахли эчоди "Рузгор"
 
 
+2 #1 САЛОМGuest 15.07.2013 17:04
САЛОМ, ТАЪСИСДИХАНДАГО НИ "РУЗГОР"-И РАНГИНУ ШИРИН! КАБЛ АЗ ХАМА ТАБРИК ВА ТАШАККУР, КИ ЧУНИН ФАЗОИ ЗЕБОЕРО ДАР ХИЗМАТИ ХАМАГОН ГУЗОШТАЕД.ВА,ИН ЧУНИН,ХУШХОЛ АЗ ОН ШУДАМ,КИ МОРО БО ДАРЁФТИ ЧОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ УСТОД ТУРСУНЗОДА ТАБРИК ГУФТАЕД. ВА БОЗ ХУШХОЛТАР АЗ ОНАМ,КИ АКСИ БЕЗЕБИ МАРО НЕВУ БА ЧОИ ОН АКСИ ЗЕБОИ ШОИРА РАЪНОИ ЗОИРДУХТРО НАШР КАРДАЕД. МИННАТДОРАМ. БО ЭХТИРОМ: РАЪНОИ МУБОРИЗ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854