19:06:26 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Оғози мулоқоти раиси ҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар

Ин лаҳзаҳо дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо рӯҳониёни кишвар идома дорад.

muloqot-bo-ruhoniyon 2013Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки дастгоҳи иҷроияи президент аз мубтакирони аслии ин иқдом аст ва дар ин ҳамоиш беш аз 1200 нафар, аз ҷумла фаъолону раисони ҷамоатҳо ва имомхатибони масҷидҳои кишвар ширкат доранд. Аммо ҷаноби Мухторов гуфт, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, назири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ба ин мулоқот даъват нашудаанд.

Муҳимтарин масоили марбут ба ҳаёти сиёсӣ -иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи кишвар дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аммо бо таваҷӯҳ ба ин ки мулоқот дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон ҷараён мегирад, мавзуъоти мазҳабу арзишҳои динӣ, фароизи моҳи мубораки Рамазон ва хайру садақот ба хонаводаҳои камбизоат низ аз дигар масоили матруҳа дар ин мулоқот унвон мешавад.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолону аҳли рӯҳониёқни кишвар дуввумин дидори вай бо ин табақа дар чанд соли ахир аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi