14:15:19 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тоҷикистон дар зинаи 106-уми FIFA

Муҳаммадиев нуфузи дастаи мунтахабро боло мебарад ё поён….

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги июлии FIFA бо касби 314 имтиёз аз мавқеи пешина шаш зина боло рафта, мақоми 106-умро касб кард. Бар пояи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин баландтарин мақоми касбкардаи мунтахаби футболи кишвар тӯли таърихаш дар феҳрасти FIFA мебошад.

Гуфта мешавад, мунтахаби футболи Тоҷикистон байни тимҳои миллии давлатҳои собиқ ИҶШС дар зинаи 9-ум ва миёни 46- дастаи қораи Осиё дар зинаи 12-ум қарор гирифтааст. Чун пешина дар садри рейтинги FIFA тими миллии футболи Испания мустақар буда, Олмон, Колумбия, Аргентина, Ҳолланд, Италия, Португалия, Хорватия, Бразилия ва Белгия ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл сармураббии тими миллии кишвар Никола Кавазович, мутахассиси серб дар пайи шикасти дастаи «Истиқлол» дар сабқат бо «Равшан», ки моҳи май дар варзишгоҳи Кӯлоб баргузор шуда буд, аз мақомаш барканор ва Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари овозадори дастаи «Помир» ба мақоми сармураббии тими мунтахаб таъин шуд.

Аз Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар майдон ва кори мураббигӣ таҷрубаи кофӣ дорад ва солҳои зиёд дар дастаҳои футболи дохиливу хориҷӣ фаъолият дошта, ҳаводорони футболи тоҷик интизори пирӯзиҳои бештар ҳастанд. Аммо то куҷо Муҳсин Муҳаммадиев интизориҳои ҳаводорони футболи тоҷикро бароварда карда метавонад, вақт нишон хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нав нахустин бозии дӯстонаашро рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон » бо тими мунтахаби Ҳиндустон баргузор мекунад ва шояд дар ҳамин бозӣ нахустин гомҳои Муҳсин Муҳаммадиев барои пурзӯр кардани ҳайати дастаи мунтахабро тамошобин эҳсос кунад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi