05:00:03 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ситораҳо дар осмони Помир

Cитораҳо дар осмони Помир - чунин ном дошт, шаби шеъре, ки  ҳафтаи гузашта дар Маркази фарҳанг ва илми Русия дар Душанбе баргузор гардид. Ин маҳфил бо ибтикори Иттифоқи Нависандагон ва маҷаллаи "Помир", ки раҳбарии онро чанде пеш Нур Табаров, журналист, нависанда, драматурги маъруфи кишвар ба уҳда гирифтааст, ба вуқуъ пайваст.

1.sitoraho 2013Устод Нур Табаров дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки ҳадаф аз ин шабнишинӣ муаррифӣ кардани шоирони ҷавону умедбахши русзабони Тоҷикистон мебошад, ки ба тозагӣ бо қадамҳои устувор вориди саҳнаи адабиёт шудаанд. Яке аз чунин навниҳолони боғи адабиёт Аниса Собирӣ мебошад. Ба гуфтаи адабиётшиноси маъруфи кишвар, доктори илмҳои филологӣ Азимҷон Аминов Аниса ҳанӯз аз чордаҳсолагӣ ба навиштани шеър шурӯъ кардааст ва инак дар зарфи ҳафт сол хеле ҳам рушду пешравӣ намудааст.

Дурустии  суханҳои адбиётшиносро худи Анисабону бо қироати чанд шеъри ба тозагӣ эҷод намудааш тасдиқнамуд.

2.sitoraho 2013Бояд гуфт, ки шеърнависӣ шуғли асосии Аниса нест. Ӯ ҳамин сол Академияи  Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русияро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар сохтори марбутаи кишварамон ба фаъолияти меҳнатии хеш оғоз бахшидааст. Дар баробари Аниса Собирӣ дар ин маҳфили шеъру суруд шоирони ботаҷрибатари русзабони Тоҷикистон аз қабили Музаффар Ҳайдаров, Бахтиёр Аминӣ, Мирзо Кенҷа, Сметанкин ашъори ноби хешро ба ширкаткунандагони маҳфил, ки умдатан аҳли зиёи кишвар буданд, тақдим карданд.

Шабнишиниро ҳузури Темур Зулфиқоров, шоир, нависанда ва драматурги машҳури Тоҷикистону Русия ва Гулрухсор Сафиева, Шоираи Халқии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Темур Зулфиқоров на танҳо ашъори нобашро қироат кард, балки бархе аз таронаҳои эҷоднамудаашро ба ҳайси як овозхони хушсалиқа дар ҳамовозӣ бо ҳамсафари ҳамешагиаш Иринабону дар ҳавои сеҳрангези гитор пешкаши ҳозирин намуд.

3.sitoraho 2013Гулрухсорро дар ин шабнишинӣ бархе барои худ аз нав кашф карданд. Ӯ дар ин маҳфил шеърҳои ба забони русӣ эҷод кардаашро қироат кард, ки на ҳама аз ин самти фаъолияти машҳуртарин шоири муосири тоҷик огаҳ буданд. Қарсакзаниҳои пурмавҷи ҳозирин аз он далолат карданд, ки шоираи бузургамон дар навиштани ашъори русӣ низ муваффақ аст.

Дар ин шабнишинӣ мутрибону оҳангсозони маъруфи кишвар аз қабили  ғиҷҷакнавоз (скрипка)-и Театри давлатӣ-академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ Салим Бурҳонов ва нахустин академики соҳаи мусиқӣ дар Тоҷикистон, овозхон ва оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ  ҳунар ва истеъдоди хешро дар назди ҳозирин ба намоиш гузоштанд. Ба хусус ба аҳли толор таронаи дар васфи Темур Зулфиқор эҷодкарда ва сурудаи Хуршед Ниёзӣ писанд омад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi