00:45:52 03-уми Июни 2025 сол

ТАҒЙИРОТИ НАВ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати тиҷорат ва рушди иқтисодӣ ва Вазорати нақлиёту мухобирот соҳиби вазирони нав гардиданд. Фаррух Ҳамралиев дар маснади вазири тиҷорат ва рушди иқтисодӣ Ғулом Бобозодаро иваз кард.

 

Ғулом Бобозода сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин гардидааст. Фаррух Ҳамралиев аз моҳи январи соли 2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Донишгоҳи олии фаннии Маскавро соли 1991 тамом карда, фаъолияти кории худро аз Кумитаи давлатии иқтисоди Тоҷикистон оғоз кардааст. Ҳамакнун, дар мизи кории ӯ Давлаталӣ Саидов хоҳад нишаст, ки то имрӯз сафири Тоҷикистон дар Ҷопон буд.

 

Ҳамчунин, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев таъин шудааст. Олим Бобоев, ки дар собиқ ректори Донишгоҳи иқтисодӣ буд ва ҳамчунин вазифаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро бар дӯш дорад, дар вазифаи вазирӣ Абдураҳим Ашӯрро иваз кард. Абдураҳим Ашӯр сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шудааст.

 

«Озодӣ»

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854