14:35:17 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раиси ширкати роҳи оҳан аз сафорати Амрико домангир шуд

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ мегӯяд, сафорати Амрико барои рафъи мушкили мониагузориҳои Узбакистон кумаке накардааст.

amonullo-hukumov 22072013Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар нишасти хабариаш гуфт, ки "дар пайи баста шудани роҳи қатори самти Амӯзанг-Хатлон, танҳо дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 15 миллион доллар ба ин ширкат зарар ворид шудааст."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Ҳукуматулло, соли гузашта аз "блокада" -и Узбакистон, ба  ширкаташ 50 миллион доллар хисорот ворид шуд. Ӯ мегӯяд, ки муддати ду соли ахир Узбакистон вагонҳои самти Хатлонро ба вилояти Суғд мефиристад, ки дар натиҷаи интиқоли ин мавод ҳазинаи ҳангуфте ба ин ширкат зарар мерасад.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Амонуллои Ҳукуматулло, даҳҳо нома барои боз кардани роҳи оҳани Амӯзанг - Хатлон ба ҷониби Узбакистон ирсол шудааст, аммо то кунун ин мактубҳо беҷавоб мондаанд: "Мо тавассути ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷӣ борҳо ба ҷониби Узбакистон нома навиштем, аммо ба ягон мактубамон то ҳол посух нагирифтем. Роҳбари ширкати роҳи оҳани Русия ҳамчун роҳбари Шӯрои роҳиоҳани СНГниз ба сарвазири Узбакистон нома навишт, аммо ин нома ҳам беҷавоб мондааст."

Ҳукуматуллоҳ мегӯяд, Узбакистон ҳанӯз дар соли 2009 қарори махфие содир карда буд, ки маҳдуд кардани боркашонӣ ба самти Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад: "Узбакистон бар зиёни худаш кор карда истодааст. Агар ҳаҷми боркашонӣ дар ин қитъаи роҳ мисли пешина бошад, Узбакистон метавонист то 100 миллион доллар фоида гирад. Аммо онҳо бар зарари худашон кор карда истодаанд."

Узбакистон ду сол пеш ба таври якҷониба ҳаракати қаторҳо ба самти Амӯзанг - Хатлон ро манъ карда, ин қитъаи роҳи оҳанро  то марзи Тоҷикистон канд.

Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ афзуд, барои ҳалли мушкилоти транзитӣӯ ду маротиба бо сафири Амрико низ мулоқот кардааст. Ӯ мегӯяд, агар ягон журналист боздошт шавад, сафорати Амрико ба ҷор тараф ҷор мезанад, аммо дар мавриди муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон боре ҳам садо баланд накард.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз соли 2002, инак 11 смол боз раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аст. Аммо ӯ дар нишасти хабариаш дар дар ин бора, ки оё худи ӯ дар ин 11 соли раҳбариаш барои ҳалли мустақими мушкилоти ҷамъшуда  чанд бор ба Тошканд сафар кардааст, чизе нагуфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi