Пурсишеву посухе: Аввалин муфассири Қуръон кӣ буд?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
То имрӯз Қуръони Каримро шояд садҳо тан тафсир кардаанд ва ҳар кадоми онҳо дар ин илм муваффақияте вобаста ба донишу ҷаҳоншиносии худ доштаанд. Мехостам донам, ки киро аз ин миён метавон муфассири аввалини Қуръон номид?
Шукруллоҳ Маҳмадназар, Душанбе
Ба саволи хонанда муаллифи китоби "Тафсири навини Қуръони Карим, Абдушарифи Боқизода посух медиҳад.
Тафсири ба маънои баён намудани маонӣ ва ҳолатҳои гуногуни оятҳои Қуръон дар чорчӯбаи меъёрҳои шариат ва ба андозаи тавоноии илми инсон мебошад. Ё чуноне Холид ибни Усмон мегӯяд, "Тафсир илмест, ки маонии оятҳо, ҳолатҳои гуногуни онҳо ва ҳамин тавр, маҷмӯаи улумеро, ки ба омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни Қуръон сару кор доранд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад". Худованд дар ояти 44-уми сураи "Наҳл" дар бораи ин масъулияти он Ҳазрат (с) мефармояд: "Мо зикр (Қуръон)-ро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то барои мардум он чиро, ки барояшон нозил гардидааст, баён созӣ, бошад ки андеша намоянд".
Аз ҳамин пойгоҳи қуръонӣ асоси тафсири оятҳои Қуръон ва баёни маонии он ба вуҷуд омад. Паёмбар (с) худ ба унвони расонандаи ойини илоҳӣ аввалин муфассири Қуръон ба шумор меравад. Ҳаёт ва фаъолияти он Ҳазрат (с) пас аз оғози рисолат тафсири зиндае аз Қуръони карим мебошад. Суннати набавӣ, ки ҳаёт ва фаъолиятҳои даврони рисолати он Ҳазрат (с)-ро фаро мегирад, ба унвони аввалин ва ҷомеътарин тафсир аз Қуръони карим мебошад. Худи он Ҳазрат (с) мефармояд: "Бидонед, ҳамон гуна, ки Қуръон ба ман дода шудааст, чизи дигаре низ ба монанди он (яъне суннат) ҳамроҳи он ба ман дода шудааст" (Сунани Абудовуд).
Зеро Худованд ҳам Қуръонро ба унвони барномаи ҳидоят, тарҳи бинои зиндагӣ ва фарогири усули куллии тамоми чиз ва ҳам Паёмбар (с)-ро ба ҳайси намоянда (расонанда), бунёдгузор ва татбиқкунандаи он барнома ва усули куллӣ фиристодааст ва татбиқи муфассали ҷузъиёти он тарҳро ба василаи вай таъйин ва коркард намудааст.
Аз ҷониби дигар, баъзе оятҳои Қуръони карим оятҳои дигари онро тафсир менамоянд. Яъне агар ояте дар ҷое ба таври муҷмал ва мухтасар омада бошад, дар оятҳои дигар тафсилоти бештаре аз он зикр гардидааст, ки ояти нахустро тафсир менамояд. Ба ин равиш тафсир намудани баъзе оятҳои Қуръон бо оятҳои дигарро худи Паёмбар (с) иршод намудаанд. Бар ҳамин асос пойгоҳи нахустин ва асоси тафсири Қуръон дар замони ҳаёти Расули Худо (с) ва ҳамзамон бо нузули Қуръон ба вуҷуд омада буд ва онро марҳалаи нахустини пайдоиши тафсир мегӯянд. Дар ин марҳала тафсири маонии оятҳои Қуръон аз ду сарчашмаи асосӣ - Қуръони карим ва суннати Расули Худо (с) нашъат мегирифт.
Ояти 89-уми сураи Наҳл: "Китоб (Қуръон)-ро барои табйини (тавзеҳи) тамоми чиз бар ту нозил намудаем", дар назди баъзе донишмандон зимнан ҳамин маъноро мефаҳмонад, ки Қуръон худро тафсир менамояд. Пас Қуръон аввалин ва муҳимтарин пойгоҳи тафсирии худ мебошад. Ояти 44-уми сураи Наҳл: "Мо Қуръонро барои он ба сӯи ту нозил намудаем, ки барои мардум он чиро, ки ба сӯяшон нозил гардидааст, баён созӣ", ин воқеиятро бозгӯ менамояд, ки Расули акрам (с) пас аз Худованд нахустин муфассири Қуръон ва суннати он Ҳазрат (с) пас аз худи Қуръон нахустин тафсиркунандаи китоби Худо мебошад.
Пули Бруклин маҳсули эъҷози зан аст?
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" дар бораи калонтарин пули олам маълумот гирифтам. Ва ин савол ба ёдам омад: оё дуруст аст, ки яке аз пулҳои хеле ҷолиби Амрикоро зан бунёд кардааст?
Эҳсон Табаров, Ваҳдат
Бале, ин пули Бруклин аст, ки ду шаҳри бузурги Амрико-Манхэттен ва Бруклинро бо ҳам васл мекунад. Аслан бунёди ин пул таърихи хонданиву шуниданӣ дорад. Дар аввал пешниҳод шудааст, ки нақби зериобӣ кананд, вале аз сабаби сермасраф будан онро қабул накарданд. Соли 1869 муҳандиси лоиҳакаш Ҷонн Роблинг, ки таҷрибаи кори пулсозӣ дошт, пешниҳоди бунёди пули овезонро кард ва дар лоиҳа овард, ки ба ҷойи чӯян пӯлоди устуворро истифода баранд. Ва ин лоиҳа хеле ба зудӣ пазируфта шуд ва аллакай 3 январи соли 1810 кори он оғоз ёфт.
Дар ҷараёни бунёди пул муаллифи лоиҳа Ҷонн Роблинг бар асари ҳодисаи нохӯш аз олам даргузашт ва корро писараш Вашингтон Роблинг идома дод. Аммо ӯ низ бар асари ҷароҳат бардоштан дар сохтмон фавтид ва лозим омад ҳамсараш Эмили Роблинг онро ба анҷом расонад. Ба сурати умум бунёди пули овезони Бруклин 13 сол тӯл кашид ва 24-уми майи соли 1883 ба охир расид. Дар ИМА онро маҳсули кори оилаи Роблингҳо меноманд.
Пули Бруклин 486,3 метр масофа дошта, ба маблағи 15,1 миллион доллар бунёд шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он шаҳрдори Ню-Йорк Франклин Эдсон ва президенти ИМА Честер Артур иштирок карданд. Ва он рӯз дар ИМА рӯзи таътил эълон намуданд, то ҳама хоҳишмандон тавонанд аз он дидан кунад. Гуфта мешавад, ки дар аввалин рӯз бештар аз 1800 мошин ва 150 300 нафар аз он гузар карданд. Худи Эмили аввалин шахсе буд, ки пешопеши дигарон аз он гузашт. Аммо ҳафтае баъд овоза пайдо шуд, ки эҳтимол меравад пул фурӯ резад ва аз воҳима ҳангоми гузар 12 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ва аҷоиботи дигар: соли 2006 коргароне, ки таъмири пулро анҷом медоданд, паноҳгоҳеро пайдо карданд, ки гумон меравад солҳои 50-уми асри гузашта дар авҷи "ҷанги сард" бо СССР ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти эҳтимолии мардум аз инфиҷори бомби ҳастаӣ бунёд ёфтааст. Дар ин паноҳгоҳ ҳамчунин маводи озуқа, аз ҷумла 350 ҳазор банкаҳои металӣ бо фатиркулча, кампалҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва маводи дорувору захира шуда буд.
"Ибни Сино" хусусӣ аст, на давлатӣ
Аз он ки як бемористони хуб боз шудааст, хурсандем. Вале нарху навои он дандоншикан ва барои ҳар кас дастрас нест. Ҳатто аз овезаи расмӣ дидан мумкин аст, ки ташхиси ин дармонгоҳ хеле гарон аст. Чаро?
Нуъмон Салиҷонов, Душанбе
Шояд аз он аст, ки ин бемористон хусусӣ аст, на давлатӣ. Бунёдгузори бемористони "Ибни Сино" соҳибкори шинохтаи кишвар Абдухалил Холиқов буда, асосан аз ҳисоби сармояҳои худро онро асос гузоштааст ва ҳоло, ки тасмим дорад дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон бахшҳои онро ифтитоҳ кунад, боз ҳам аз ҳисоби маблағҳои хусусии ӯст.
Бемористон моҳи сентябри соли 2009 ба фаъолият оғоз кард ва тибқи иттилои муассисонаш дар оғоз он танҳо кардеологӣ ва урологӣ буд, аммо бо гузашти замону вақт дар ҳама риштаҳои муҳим шуъба кушоданд ва имрӯз беморону ранҷурон метавонанд аз хизматрасонии бахшҳои ҷарроҳии дил, ангиографӣ, ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъҷилӣ, амрози занон, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ, дандонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгох, рентген ва дорухона истифода баранд.
Тибқи омори сомонаи бемористон "Аз оғози фаъолият то кунун беш аз 17 940 ниёзманд ба Бемористони "Ибни Сино" муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 2872 нафарашон бистарӣ гардиданд. Тайи ин муддат 1582 нафар беморон ҷарроҳӣ шуданд, ки аз ин теъдод 334 нафар ҷарроҳии бози дил ва 1050 нафар амали ҷарроҳии урологӣ шуданд. Бештари амалҳои ҷарроҳии урологӣ бо истифодаи эндоҷарроҳӣ анҷом шудааст".
Чаро Тургенев муҷаррад аз олам бирафт?
Мегӯянд нависандаи шинохтаи рус Иван Тургенев муҷаррад аз олам гузаштааст. Оё дуруст аст?
Сайёра Имомназарова, сокини шаҳри Турсунзода
Дуруст аст. Нависандаи машҳури рус Иван Сергеевич Тургенев, ки 65 сол умр дид, издивоҷ накард ва соли 1883 муҷаррад аз олам даргузашт. "Алвидоъ азизони ман, алвидоъ сафедандомҳои ман..."
Вақте вай тарки олам кард, зану фарзанд ва пайвандони наздике надошт, ки дар сари тобуташ бигирянд. Зеро ин муаллифи пурсӯзтарин повесту романҳои ошиқӣ тамоми умраш боре ҳам издивоҷ накард, лаззати хонадориро амалан начашид, вале ошиқе буд, ки эҳсости гарми ошиқонаашро танҳо дар асарҳояш ифода кард.
Вай ҳаёташро бо ширинии лаззатбахше, ки худро аз дӯстони хонаводагии Полина Виардо медонист, ба поён бурд. Ва ӯ ҳамеша ҳаёти худро "ҷойгирифта дар як гӯшаи танги лонаи бегона" тасвир мекард. Образи хеле машҳури офаридаи ӯ бо номи Евгений Базаров ин ҳамон бахше аз зиндагонии адиб аст. Евгений низ чун Тургенев куштаи ишқе буд, ки ҳаргиз ба висолаш намерасид, вале муҳаббати маъшуқро то ба анҷом поку беолоиш дар умқи сина нигоҳ дошт. Ҳамин аст мухтасари ҳаёти хонаводагии Иван Тургенев, муалифи пурсӯзтарин романҳои ошиқии адабиёти рус.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майи соли 2014
-
22.03.2026 15:27
283
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
420
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
245
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:42
880
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1136
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1850
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
24.12.2025 15:30
797
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
807
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
757
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
24.12.2025 15:28
561
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1179
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2147
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
15.03.2026 21:06
127
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
126
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
28.02.2026 22:48
306
«Таҳкими қонуният мароми мост!»
-
19.03.2026 23:06
370
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
349
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 17:06
1178
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
714
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1050
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
990
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2120
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2198
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3213
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
359
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1705
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1823
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
841
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1006
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
993
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
135
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1203
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1528
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4196
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4405
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4734
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































