08:55:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Назарбоев: "Ман аз Саркозӣ хоҳиши мадад ба дӯстонамро накардаам"

Нурсултон Назарбоев даст доштани худ дар моҷарои марбут ба фасод ва баъзе «тафовуқҳои шубҳаовар» миёни Остонаву Порисро рад кард. Ду моҳ пеш расонаҳои чопи Фаронса навиштанд, ки чархболҳои фаронсавӣ ғайриқонунӣ ба Қазоқистон интиқол дода шуданд ва раисиҷумҳури пешин Никола Саркозӣ бо хоҳиши Нурсултон Назарбоев ба се сарватманди қазоқ барои фирор аз бозрасии додгоҳӣ кӯмак кардааст.

nazarbaev_652312455Ба навиштаи расонаҳо, дар нишасти хабарии муштарак баъд аз анҷоми музокироти Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои фаронсавияш Франсуа Ҳоланд шоми ҷумъа, 5 декабр, хабарнигоре аз Фаронса ёдовар шуд, ки расонаҳо ба даст доштани раисиҷумҳури Қазоқистон дар моҷароҳои марбут ба фасод зиёд таъкид мекунанд. Ҳамзамон ӯ суол кард, ки оё воқеъан ҳам Назарбоев аз Никола Саркозӣ барои аз баррасии додгоҳӣ халос шудани се дӯсти сарватмандаш хоҳиш кардааст.

Қаблан нашрияи «Le Monde”, чопи Порис навишта буд, дӯстони раҳбари Қазоқистон – Фаттоҳ Шодиев. Алиҷон Иброҳимов ва Александр Машкевич моҳи марти соли 2013 аз сӯи додгоҳи Белгия барои “шустушӯ”- и 2 миллиард евро зимни муомилот оид ба бандубасти чархболҳо мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буданд. Аммо баъд аз чанд муддат онҳо аз таъқиби додгоҳӣ раҳо шуданд. Расонаҳои чопи Порис ба даст доштани баъзе ёварони раисиҷумҳури собиқ Саркозӣ дар ин қазия ишора карданд.

Нурсултон Назарбоев гуфт, ки дар бораи парвандаҳо алайҳи ин се нафар чизе намедонад. “Агар ин хел парвандаҳо боз шуда бошанд, мо бояд дар ин бора иттилоъ дошта бошем ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи Фаронса посухи расмӣ диҳем. Гап дар бораи кадом дӯстони ман меравад, ман намедонам”. Сарвари Қазоқистон афзуд, “ман аз касе6 аз ҷумла, аз ҷаноби Саркозӣ чизе хоҳиш накардаам. Ин ҳама афсонаҳои бофтаи афроди ба ман ношиносанд. Аслан, барои хоҳиши кӯмак кардан далеле ҳам вуҷуд надошт".

Нурсултон Назарбоев тасдиқ кард, ки Остона ва Порис дар банду басти чархболҳои Eurocopter дар Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхонаи банду басти чархболҳо дар Остона - «Еврокоптер Казахстан инжиринг» бар пояи қарори ҳукуматҳои ду кишвар ташкил шудааст ва қарор аст, ки то охири соли 2014 барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон, ва Белорусу Муғулистон, 26 чархболи фаронсавӣ бисозад.

Сиёсатшинос ва дипломтаи собиқ Расул Ҷумъалӣ ба мо гуфт, ки созиш дар бораи бандубасти чархболҳо ба маблағи 2 миллиард доллар на бояд пушти “дарҳои баста” ва аз сӯи афроди алоҳидаи сарватманд, балки бо ширкати вазоратҳои адлия, молия ва умури хориҷӣ баста мешуд.

Охирҳои солҳои 90-ум ҳам Қазоқистон барои ҳамин гуна як созиши машкук бо Кореяи Шимолӣ дар сархати ахбор қарор гирифта буд. Соли 1999 Қазоқистон талош кард, ки ба Пхенян ҳавопаймоҳои ҷангии «МиГ-21»-ро фурӯшад. Баъди сар задани моҷарои байнулмилалӣ раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири дифои Қазоқистон ба истеъфо рафтанд. Ба гуфтаи Расул Ҷумъалӣ он вақт ҳам тавофуқ пушти «дарҳои баста» ҳосил шуда буд ва қарор буд, ки бахши аъзами даромад ба ҷайби мансабдорони ҳукуматӣ ворид шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi