14:42:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Карзай: "Ҳамарӯза бо Ғанӣ мулоқот мекунам ва машварат медиҳам"

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфтааст, ки ӯ тақрибан ҳамарӯза бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай мулоқот мекунад ва ба ӯ дар мавриди масоили муҳим машварат медиҳад.

karzay-ashrafghani544554Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи 31 декабр дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки ӯ бо президенти кунунии кишвараш Ашрафғанӣ Аҳмадзай ғолибан дар мавриди масоили муҳим барои мардуми Афғонистон сӯҳбат мекунанд: "Ман ва раиси ҷумҳур Ашрафғанӣ Аҳмадзай ғолибан мулоқот мекунем, ё тақрибан ҳамарӯза телефонӣ сӯҳбат мекунем. Ман аз ин равобит комилан хушҳол ҳастам ва ба он эҳтиром мегузорам."

Оқои Карзай афзудааст, ки айни чизро бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон анҷом медиҳад ва робитааш бисёр хуб аст: "Вақте масоили дорои аҳамият барои тамоми мардуми Афғонистон дар миён ояд, ман онҷо хоҳам буд ва ин чизест, ки мо дар мавридаш бо раиси ҷумҳури Ғанӣ сӯҳбат мекунем ва айни чиз бо доктор Абдуллоҳ, раиси иҷроӣ иттифоқ меафтад. Равобит комилан хуб аст."

Назифуллоҳ Солорзай, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон таъйид кардааст, ки ду раҳбар "ба таври муназзам" мулоқот мекунанд ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мавриди бештарин масоили миллӣ ва байналмилалӣ  ҷуёи машвараҳои Карзай мешавад.

Оқои Карзай, ки аз соли 2004 то 2014 раиси ҷумҳури Афғонистон буд, гуфтаааст, аз вақте, ки мақомашро дар моҳи сентябри соли гузашта тарк кард, шеваи зиндагиаш бисёр тағйир нахӯрда ва бештар вақт ӯ мизбони раҳбарони қавмиву мазҳабӣ ва ҳамчунин намояндагони парлумон аст ва дар мавриди масоили муҳими кишвараш бо онҳо сӯҳбат мекунад. Оқои Карзай ба дунболи суқути низоми Толибон дар тирамоҳи соли 2001, дар нишасти Бонн раиси ҳукумати интиқолии Афғонистон баргузида шуда буд.

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ то кунун дар мавриди ташкили кобина ба натиҷаи ниҳоӣнарасидаанд, Ҳомид Карзай аз мардуми Афғонистон хостааст, ки сабр кунанд. Президенти кунунӣ дар маросими савгундёдкунӣ дар моҳи сентябри ваъда дода буд, ки баъд аз 45 панҷ рӯз кобинаи худро эълон мекунад вале бо гузашта беш аз се моҳ то ба ҳол вазоратхонаҳои Афғонистонро сарпарастон раҳбарӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi