00:36:46 05-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ривояти як духтари навҷавон аз ғуломдории ҷинсии ДИИШ

Хушунати беҳаду марзи ифротиён идома дорад

Як духтари навҷавон аз таҷовузи гурӯҳии неруҳои минтақаи ишғолии Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки замоне дар асорати онҳо буд, нақл кардааст. Ӯ мегӯяд, ки агар ба тақозоҳои ҷинсии онҳо ҳамроҳӣ намекард, бо шаллоқ мавриди зарбу лагад қарор мегирифт ва ҳатто бо оби ҷӯш пойҳояшро месӯзонданд.

rabini_54125445.jpgИн духтараки навҷавон мегӯяд, ки чӣ гуна ӯву хоҳари кӯчакаш пас аз ин ки ҳамроҳ бо дигар духтарони бокира ҳамчун ғулом фурӯхта шуданд, рӯзона аз ҷониби неруҳои фосиди ДИИШ мавриди озору азияти ҷинсӣқарор мегирифтанд. Акнун ӯ фарзанди ин ифротиҳоро дар батн дорад.

Ин духтар, ки ҳамагӣ 17 сол дорад, ифшо мекунад, ки чӣ гуна ҳар рӯз ин имтиҳони тоқатфарсои 9-моҳааш «монанди имтиҳон миёни маргу марг будааст», чаро ки ҳар лаҳза бо зарбу ситам ва озору азияти ҷинсӣ аз сӯи неруҳои ДИИШ ва тими муҳофизони онҳо рӯ ба рӯ будааст.

Духтари навҷавон ба ёд меоварад, ки чӣ гуна «соҳибаш» замоне, ки ҳамроҳ бо муҳофизонаш ӯро таҷовуз мекард, ҳамзамон ӯро маҷбур мекард, ки оёти Қуръонро аз ёд бихонад.

Акнун, ки се моҳ аст фарзанди «Ар-Русӣ» (соҳибаш)-ро дар батн дорад, мегӯяд, ки кобуси он чи Ар-Русӣ бо вай анҷом додааст, ҳамаро пеши чашмонаш мебинад. «Вай маро шаллоқ мезад ва замоне, ки маро мавриди таҷовуз қарор медод,ҳадди ақал як нафар вайро ҳамроҳӣ мекард» - мегӯяд ӯ.

Духтари навҷавон пас аз ҳамлаи ДИИШ тавассути аъзои ин гурӯҳ рабуда шуд. Дастони ӯро бастанд ва ӯ дар меҳмонхонае, ки тавассути мардони мусаллаҳи ДИИШ муҳофизат мешуд, ҳамроҳ бо теъдоди дигари занону духтарони ҷавон дар Мавсули Ироқ нигаҳдорӣ мешуд. Сипас онҳоро ба Раққаи Сурия интиқол додаанд. Дар он ҷо ӯ ва теъдоди дигаре аз духтаронро барои таъйиди бокира буданашон мавриди озмоиш қарор додаанд.

Ӯ гуфтааст: «Духтарони бокира ба утоқе, ки 40 мард дар он ҷо буд, бурда ва ҳамчун ғулом нигоҳдорӣ мешуданд. Онҳо моро ба як саф гузоштанду касеро, ки мехостанд, интихоб карданд… Фикр мекардам, ки хушиқбол ҳастам, чаро ки ба андозаи дигарон зебо набудам».

Ӯ тавассути Ар-Русӣ, ки аслан чеченӣ буд, харидорӣ шудааст. Ар-Русӣ ин духтар, хоҳари 10-солааш ва ду духтари дигарро дар тӯли танҳо 10 дақиқа харидааст. Духтари навҷавон гуфтааст: «Рӯзе, ки ману хоҳарам фурӯхта шудем, охирин рӯзе буд, ки модарамро дидам. Ҳаргиз замонеро, ки модарам дар вақти бурдани мо фиғону гиря мекард ва рӯю мӯйҳояшро меканд, фаромӯш намекунам».

Вақте ки онҳо ба хонаи нави худ расиданд, зиндагии пасте, ки роҳи фироре аз он вуҷуд надошт, барояшон оғоз шуд. Ӯ идома медиҳад: «Ар-Русӣҳар рӯз субҳ духтаронро мебӯид ва тасмим мегирифт, ки кадомро барои робитаи ҷинсии худ интихоб кунад. Ӯ, вақте ки интихоби худро мекард, муҳофизонаш  духтарони дигарро, барои худ интихоб мекарданд. Аммо ин муҳофизон чунон бархурди дағалонае бо ин духтари навҷавон доштанд, ки вай замоне, ки аз ҷониби Ар-Русӣ интихоб мешуд, худро беҳтар эҳсос мекард, чаро ки вай «ӯро камтар аз дигарон мавриди зарбу ситам қарор медод».

Ба гуфтаи духтари навҷавон муқовимат бефоида буд. Боре дар баробари онҳо муқовимат карда буд, он вақт яке аз мардони Ар-Русӣ ба рӯи пояш оби ҷӯш рехт. Вай меафзояд: «Онҳо маро маҷбур мекарданд, замоне, ки машғули анҷоми корашон ҳастам, чизҳое аз Қуръон барояшон бихонам ва агар ин корро анҷом намедодам, маро шаллоқ мезаданд».

 «Ҳеҷ чизеро ҳис намекардам, танҳо эҳсоси пучӣ мекардам, фақат мехостам ин зиндагӣ тамом шавад. Мехостам худамро бикушам. Мо маҷбур будем ошпазӣ ва покизагию назофат кунем ва ҳар кореро, ки ба мо мегуфтанд, анҷом диҳем, бояд ба дастурҳои онҳо итоат мекардем. Баъзан маҷбур будем барояшон бихонем ва бирақсем…».

Аммо дар ниҳоят, пас аз 9 моҳи шиканҷа, ки ҳеҷ касе тавони муқовимати онро надошт, ин духтари навҷавон тавонистааст аз дасти ин ҳайвонсифатон фирор кунад.

Ар-Русӣ ва муҳофизонаш дар моҳи апрел тавассути неруҳои пешмарг дар наздикии Санҷор кушта мешаванд ва баъди ин духтарон тавонистаанд фирор кунанд. Ӯ гуфтааст: «Ар-Русӣ ва муҳофизонаш замоне, ки бо сарбозони курдӣ меҷангиданд, захмӣ шуда, ба ҳалокат расиданд ва ҳамон вақт мо фирор кардем».

Бархе аз духтарон дубора назди неруҳои ДИИШ бозгаштанд, чаро ки аз онҳо хеле метарсиданд. Ӯ иддао мекунад, ки шибҳинизомиёни ДИИШ пои як духтареро, ки талош дошт фирор кунад, буриданд.

Ба гуфтаи ин духтари навҷавон, зиндагӣ акнун барои вай душвор аст, зеро ҷомеаи эзидиҳо башиддат мардсолор ҳаст ва онҳоеро, ки аз дасти ДИИШ гурехтаанд, «фосид» медонанд, ҳатто бо вуҷуди он ки рӯҳонии аршади онҳо аз хонаводаҳо хостааст ин афродро бипазиранд.

Амаки духтари навҷавон ӯро таҳдид кардааст, ки дар сурати мавриди сӯйистифодаи ҷинсии сарбозони ДИИШ қарор гирифтанашӯро хоҳад кушт, бинобар ин ҳам ин духтар омодааст, то бордории худро қатъ кунад.

Аз рӯзномаи субҳи Афғонистон «Ансор-пресс» гирифта шуд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi